Дар моҳи аввали тобистон дар кишвар дамои ҳаво муътадил шуда, миёна ва охирҳои моҳи июн баландшавии дамои ҳаво пешбинӣ мешавад. Имкон дорад, дар ҷануби вилояти Хатлон ҳарорат то ба 44 дараҷа расад.
– Моҳи аввали тобистон дар Тоҷикистон дамои ҳаво муътадил буда, дар миёна ва охирҳои ин моҳ баландшавии ҳарорат дар назар аст. Дар ҷануби вилояти Хатлон ҳарорат то ба 44 дараҷа мерасад, – иттилоъ медиҳад аз оҷонсии обуҳавошиносӣ Парвина Саидҷамолова.
Ба гуфтаи Саидҷамолова, дар баъзе вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ дамои миёнаи моҳонаи ҳаво дар баъзе ҷойҳо 1 ё 2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ пешбинӣ мешавад.
Дар ин моҳ дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои водии тобеи ҷумҳурӣ ҳаво нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар гармтар мешавад. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар ин ҷойҳо дамои миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо 25-30 ва дар доманкӯҳҳо 22-24 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе дамои миёнаи моҳона тибқи меъёр муқаррарӣ буда, 25-30 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар даҳаи аввали моҳи июн дамои ҳаво шабона 4-19 ва рӯзона аз 27-32 ва то 32-37 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар миёнаи моҳ болоравии ҳарорат дар назар дошта шуда, шабона 20-25 ва рӯзона 35-40 дараҷа гарм мешавад.