Шогирдони мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки дар Бишкеки Қирғизстон баргузор шуд, дар ду бозӣ пирӯзӣ ба даст оварданд ва як бозиро мусовӣ анҷом доданду ” бо 7 имтиёз зинаи аввалро соҳиб шуда ба даври финалии ин мусобиқа роҳ ёфтанд.

Дар бозии аввал бо дастаи мунтахаби Мянмар футболбозони Тоҷикистон 4 голи беҷавоб заданд ва дар бозии дуюм Сингапурро (1:0) шикаст доданд. Ҳама чиз бояд дар даври охир дар бозии Қирғизистону Тоҷикистон ҳал мешуд, зеро Қирғизистон низ дар ду бозии аввал бо Сингапур (2:1) ва Мянмар (2:0) пирӯз шуд ва бо 6 имтиёз ва таносуби камтари тӯбҳо баъд аз Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор гирифта буд. Аммо пеш аз оғози ин бозӣ маълум шуд, ки ин ду даста ба даври финалӣ роҳ ёфтаанд. Дар бозии байни дастаҳои Фаластин ва Филиппин фаластиниҳо бо натиҷаи 4:0 пирӯз шуданд ва Тоҷикистону Қирғизистон новобаста аз натиҷаи бозии даври охир ҳаққи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиёро ба даст оварданд.

Бо вуҷуди ин бозии байни дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон пуршиддат ҷараён гирифт ва ҳарду даста барои пирӯзӣ мубориза бурданд, зеро ғолиб дар ҷадвал ҷойи аввалро соҳиб мешуд. Ин бозӣ бе задани гол анҷом ёфт ва Тоҷикистон бо 7 имтиёз аз ҷойии аввал ба финали мусобиқа роҳ ёфт.

Қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё аз 16-уми июн то 16-уми июли соли 2023 ба нақша гирифта шудааст. Қарор дар бораи дар куҷо баргузор шудани Ҷоми 18-уми Осиё дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 17-уми октябр қабул мешавад. Ин мусобиқа бояд дар Чин баргузор мешуд, аммо ин кишвар ба далели пандемии коронавирус аз мизбонии он даст кашид.

Дастаҳои Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, АМА, Чин, Ироқ, Уммон, Вйетнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Ӯзбекистон, Таиланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Индонезия дар финали Ҷоми Осиё-2023 ширкат мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here