Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифт.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми осиёии футзал-2022 дар минтақаи Марказ ва Ҷануб 10-12 апрел бо иштироки 8 даста дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд.

Дастаҳо дар ду гурӯҳ бозӣ карда, аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба марҳилаи финалӣ баромаданд. Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бо Узбекистон, Афғонистон ва Непал бозӣ кард. Футболбозони мо бозии аввалашонро бо Афғонистон мусовӣ (4:4) карда, бар Непал бо ҳисоби 11:1 пирӯз ва аз Узбекистон мағлуб (2:5) шуданд ва бо 4 хол дар гурӯҳ ҷойи дуюмро ишғол карданд. Узбекистон бо 9 хол дар ҷойи аввал, Афғонистон бо 4 хол дар ҷойи сеюм ва Непал бе хол дар ҷои чорум мавқеъ гирифтанд.

Марҳилаи финалии Ҷоми 17-уми футзали Осиё бо иштироки 16 дастаи қора аз 25-уми сентябр то 20-уми октябри соли равон дар Кувайт баргузор мешавад. Ба қисмати финалӣ то имрӯз дастаҳои Кувайт (мизбон), Лубнон, Ироқ, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Индонезия, Тайланд, Уммон, Ветнам, Узбекистон, Тоҷикистон роҳхат гирифтаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь