Вебгоҳи Муассисаи давлатииТоҷикфилмаз ифтитоҳи студияи нав дар вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, киХатлонфилмзикр шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз таъсиси студияи нав беҳбуди фаъолияти эҷодӣ ва истеҳсолии “Тоҷикфилм” дар манотиқи кишвар аст.

Зикр мешавад, гурӯҳи эҷодӣ ва техникии ин студия дар вилояти Хатлон филмҳои мустанад ва бадеӣ наворбардорӣ хоҳад кард, ки “инъикоскунандаи арзишҳои фарҳангӣ ва миллии тоҷикон” хоҳад буд,

Ҳамчунин, дар гузориш омадааст, ки “Хатлон-филм” барои ҳамкорӣ бо созмону муассисаҳо ва афроди алоҳида барои наворбардории филмҳои фармоишӣ омода аст.

Ҳоло дастаи ин студия ба наворбардории филмнома дар бораи шаҳри бостонии Тахти Сангин, ки қаблан ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шуда буд, шурӯъ кардаанд.

Ин студия инчунин ният дорад, ки филми ҳуҷҷатии «Бешаи палангон»-ро низ наворгирӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан “Тоҷикфилм” дар вилояти Суғд студияи “Суғд-синамо”-ро таъсис дода буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь