Дар чаҳорчӯби Фестивали сенздаҳуми байналмилалии Тошанд байни мақомоти ширкатҳои истеҳсолкунандаи синамои чанд кишвари олам мулоқоту гуфтушунидҳо баргузор гардиданд.
Гуфта мешавад, ин мулоқоту гуфтушунидҳо барои ба роҳ мондан ҳамкориҳо дар бахши истеҳсоли маҳсулоти саноати кино ва тавсеаи он дар оянда хеле мусоидат хоҳанд кард.
29 сентябр дар чаҳорчӯби ин фестивал рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ баргузор мегардад ва то шом давом хоҳад кард. Дар театри опера ва балети ба номи Алишер Навоии пойтахти Ӯзбекистон намоиши чанд филми тоҷикӣ роҳандозӣ мегардад.
Инчунин, дар чаҳорчӯби Фестивали сенздаҳуми байналмилалии синамои Тошканд байни ширкатҳои саноати синамо якчанд меморандум ё қатънома ба имзо расиданд.
Яке аз чунин меморандумҳо байни Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Муссисаи давлатии “Тоҷикфилм” ба имзо расид.
Ин меморандумро аз ҷониби Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва аз ҷониби Ӯзбекистон директори генералии Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов ба имзо рсониданд.
Гуфта шуд, ки то имзои ин меморандум чанд дидору мулоқот ва муҳокимарониҳо ба вуқӯъ пайвастанд. Ахиран ба чунин натиҷаи расида шуд, ки ин меморандум имзо гардид.
Интизор меравад, ки бар пояи меморандуми ба имзорасида Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ҳамкориҳояшонро беш аз пеш тавсеа хоҳанд дод.
Мирасрор Аҳроров,
“Фараж”, Тошканд