Варзишгари тоҷик Сиёвуш Илёсов дар Паралимпиадаи зимистонаи Пхенчхан ширкат хоҳад кард. Ӯ дар намуди лижаронӣ (кросс) қувва месанҷад.

Дастаи Тоҷикистон иборат аз 5 нафар 4 март ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ ба Ҷумҳурии Корея сафар мекунад.

Сиёвуш Илёсов барои ба даст овардани роҳхат дар Ҷумҳурии Омон ба машғулиятҳои тамринӣ фаро гирифта шуда, аз 17 то 20-уми феврал дар ҳамон ҷо дар мусобиқаи интихобӣ иштирок кард. Ӯ, инчунин, аз 20 феврал то 4 март дар Ҷоми ҷаҳон оид ба лижаронӣ ширкат карда, бо 392 хол соҳиби роҳхат ба Бозиҳои паралимпӣ гардид.

Сиёвушро дар ин сафар мураббияш Илҳомиддин Абдуллоев, президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Сафар Боев, роҳбари даста Абдурауф Алимов ва ноиби президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон Зиннатулло Саидов ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш дар маҷмааи лижаронии “Сафед-Дара” барои тамрини варзишгарон, аз ҷумла варзишгарони имконияташон маҳдуд, тамоми шароитро муҳайё ва барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мусоидат кардааст. Дар натиҷа, Тоҷикистон бори аввал дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ иштирок мекунад. Дастаҳои Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея ва Гурҷистон низ дар таърих аввалин маротиба иштирокчии бозиҳо мегарданд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии кишвар.

Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ аз 9 то 18 март дар шаҳри Пхенчанги Ҷумҳурии Корея баргузор мешавад. Барои иштирок дар бозиҳо 570 варзишгар аз 49 кишвар ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҳама намояндаҳи бештарро ИМА (68 варзишгар), Канада (52 варзишгар) ва Ҷопон (38 варзишгар) доранд.

Акс аз КМО 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь