31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор даври интихобии чемпионати Осиё-2018 байни ҷавонон дар гурӯҳи «В» шурӯъ шуд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозии якуми худ бо ҳамсолон аз Банғола мусовӣ кард – 0:0.
Дар вохӯрии дигари ҳамин гурӯҳ дастаҳои Малдив ва Шир-Ланка, ки ин мусобиқаро оғоз бахшиданд, низ бозиро мусовӣ анҷом доданд. Дар ин бозӣ аз ҳарду тараф дуголӣ зада шуд.
2-юми ноябр вохӯриҳои даври дуюм баргузор хоҳанд шуд. Вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе мегузаранд. Соати 12:00 футболбозони Шри-Ланка ва Ӯзбекистон ба майдон мебароянд. Датаҳои Малдив ва Банғола соати 15:00 бозӣ хоҳанд кард. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон вохӯрии ояндаи худро 4-уми ноябр бо дастаи Шри-Ланка мегузаронад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
Ҷ |
Дастаҳо |
В |
Ғ |
М |
Б |
Т\т |
И |
1 |
Малдив |
1 |
0 |
1 |
0 |
2-2 |
1 |
2 |
Шри-Ланка |
1 |
0 |
1 |
0 |
2-2 |
1 |
3 |
Тоҷикистон |
1 |
0 |
1 |
0 |
0-0 |
1 |
4 |
Банғола |
1 |
0 |
1 |
0 |
0-0 |
1 |
5 |
Ӯзбекистон |
0 |
0 |
0 |
0 |
0-0 |
0 |