Зимни нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Фарҳод Раҳими,  президенти  Академия саъйи олимони тоҷикро баҳри ба даст овардани ҷоизаи “Нобел” чинин арзёбӣ кард:

“Айни замон пешниҳодҳо барои ба даст овардани ин ҷоиза нашудааст,  аммо   пешниҳодҳо оиди ба даст  овардани ҷоизаҳои дигари байналмиллалӣ ба таври ҳамешагӣ дар академияи мо ҳаст”.

Фарҳод Раҳимӣ гуфт, ки соли 2021 яке аз  олимони шинохта, аъзои вобастаи АМИТ Ҷаҳонгир Низомов,  ки солҳои дароз руйи масъалаи сохтмонҳои ба заминҷунбӣ тобовар кор мекард, сазовори ҷоизаи байналмилалии “Эко” дар соҳаи илм ва технология дониста шудааст.

“Инчунин ноиби президенти АМИТ Қоҳирова Гулчеҳра дар соли  гузашта сазовори ҷоизаи байналмиллалии “Ситораи Иттиҳод” гардид,  ки ин ҷоиза ҳамасола ба як нафар олим дар сатҳи ИДМ дода мешавад”,- иброз дошт Раиси АМИТ.

Дар нишаст қайд карда шуд,  ки  дар соли 2021 аз  ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ 230 мақолаи илмӣ дар маҷалаҳои кишварҳои ИДМ ва қариб 100 мақола дар маҷаллаҳои хориҷӣ ба нашр расидаанд.

Инчунин, гуфта шуд, ки тавассути шуъбаи робитаҳои байналмиллалии Раёсати АМИТ беш аз  54  нафар корманди АМИТ барои коромӯзӣ, иштирок дар конфронсҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо ва  гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ ба хориҷ аз кишвар фиристонида шуданд.

Дар идома зикр гардид, ки бо даъвати АМИТ 37 намоянда аз хориҷи кишвар ба муассисаҳои илмии АМИТ омада, корҳои  муштараки илмӣ анҷом додаанд.

Дилноза  Ҳикматуллоева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь