Мақомоти полиси ноҳияи Соести Ҷумҳурии Олмон бо ҷурми содир намудани ҳамлаи мусаллаҳона чор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро боздошт кардааст.

Блогери тоҷик Давлатов Музаффар, ки мувақатан сокини шаҳри Соести Ҷумҳурии Олмон мебошад, дар шабакаи иҷтимоии «Ютуб» масъули канали «Борода.ТҶ» мебошад. Вай пас аз он ки ба Тоҷикистон омада бозпас ба Олмон рафт, 11 феврал як навореро дар бораи дастовардҳои даврони истиқлолият ва ободии Тоҷикистон гузошт.

“Душанбе чунон зебо шудааст, ки нашинохтам” – мегӯяд Музаффар. Мавсуф аз таассуроташ дар бораи дидаҳояш қисса мекунад ва Душанберо таърифу тавсиф менамояд.

Пас аз гузоштани ин навор 16 феврал аъзои ташкилоти экстремистӣ террористии наҳзат, Орзуев Сулаймон-писари аъзои Раёсати олии ТЭТ «ҲНИ» Орзуев Маҳмадкарим Аврозиқович, дар канали ютуби «Shef.TJ»  навореро пахш карда, блогери тоҷик Давлатов Музаффар-«Борода ТҶ»-ро  маҳкум ва дашному суханҳои қабеҳ мекунад. Номбурда аз он сахт ба ғазаб меояд, ки чаро Тоҷикистонро таърифу тавсиф кардааст.

Дар ин замина байни Давлатов Музаффар ва Орзуев Сулаймон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозира ба миён меояд. Ҳар яке дар каналҳои худ якдигарро таҳқир мекунанд, якдигарро  ба «разбор» даъват месозанд.

17 феврали соли ҷорӣ Орзуев Сулаймон бо ҳамроҳии блогер Маҳмадҷонов Шерзод Тулфорович, ки дар канали хеш бо лақаби «Абдураҳмон 09» сухан мекунад, Комрон, Хуршед ва Беҳруз ном аъзои дигари ташкилоти террористӣ-экстремистии «ҲНИ» бо мақсади «разбор» бо Давлатов Музаффар («Борода ТҶ») ба шаҳри Соест меояд. Соати 1:41-и саҳар дар суроғаи Нидерберҳаймер Страссе, дар филиали кассаи амонатгузории маҳаллӣ бо ӯ вомехӯранд.

Дар натиҷаи ин муноқиша яке аз аъзои ташкилоти терорристӣ – экстремистии «ҲНИ» бо таппонча Давлатов Музаффарро парронида маҷрӯҳ мекунад ва аз ҷойи ҳодиса фирор мекунанд.

Дар натиҷаи ҷустуҷӯи полиси  криминалии шаҳри Соест аъзои ТЭТ «ҲНИ» Сулаймон Орзуев, Маҳмадҷонов Шерзод («Абдурахмон 09»), Комрон,  Хуршед ва Беҳрӯз, ки дар суроғаҳои Гуммерсбах-29, Кирспе-23, Дюсселдорф-31 ва Ҳаан-24 Ҷумҳурии Олмон зиндагӣ мекарданд, дар автобаза дастгир карда шуданд. Айни замон онҳо муваққатан дар идораи полис боздошта мешаванд.

Дар ин бора мақомоти полиси ноҳияи Соест хабар додааст. (http://www.polizei.nrw.de/soest)

Ин ҳодиса бори дигар чеҳраи аслии фиребхӯрдагони наҳзатиро фош карда, акнун онҳоро дар яке аз демократитарин кишвари ҷаҳон – Олмон шарманда месозад.


Блоки рекламавӣ

2 ШАРҲҲОИ

  1. фараж чаро дуруг меген??? ин хама суханхо аз дахони худи БАРАДА ТЧ асту халос. чаро намеген ки нисбати БАРАДА ТЧ ва рафики у ва нафари парондаги танхо маводи чинояти боз шудаасту онхо дар хабзи муваккатиянд?? касе дигар не. дар боло боз ссылкаи пулиси Зоерсро мондаед ки гуе онхо ба шумо гуфта бошанд. Ой ба хамин дарача саводи пасте доред ки хаел мекунед ки инчо Точикистон асту полис ба шумо то итмом нашудани маводи чинои ходисаро накл мекунад??? чи бекливу ДУРУГ. Шарм доред аз ин хел навиштачот.

  2. Террорист дар Европа хам террорист ай. Нест бод Кабирии террорист, Додики ностуфкунак, Саймики почаканда, Шарфаки екстримист!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь