Бахшида ба Рӯзи байналмилалии шахсони дорои маъюбият (ШДМ) дар доираи лоиҳаи «Ҳеҷ кас дар канор намемонад: Фарогир», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон маблағгузорӣ мешавад, дар меҳмонхонаи Серена чорабинӣ дар шакли муколама “Do it Yourself” баргузор гашт. Ҳадафи лоиҳа беҳтар намудани иштироки васеъ, ҳисоботдиҳӣ, сиёсатгузории фарогир ва имкониятҳои таъмини воситаҳои зиндагӣ барои ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони дорои маъюбият дар ноҳияи Шаҳритус ва шаҳри Конибодом мебошад.
Чорабинӣ барои муоширати ҷавонони навоҳии дурдаст ва шаҳри Душанбе, аз ҷумла ШДМ бо корфармоёни эҳтимолӣ, соҳибкорони бомуваффақи кишвар ва бунёди ҷомеаи фарогир бо ҷавонон, сӯҳбат оид ба натиҷаҳои фаъолиятҳои анҷомдодаи лоиҳа ва худи ҷавонон, инчунин васеъ намудани дониш ва дарки ниёзҳои ҷомеаи фарогир ташкил ва гузаронида шуд.
Ҷавонони фаъоли лоиҳа аз шаҳри Конибодом ва ноҳияи Шаҳритус, аз ҷумла ШДМ ба шаҳри Душанбе даъват шуданд.
Хонум Зулфия Давлатбекова, Менеҷери барномаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ суханронии ифтитоҳӣ намуд. Зимни суханронии худ хонум Зулфия Давлатбекова таъкид кард, ки беҳбуди иштироки ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҷалби онҳо дар равандҳои дахлдори қабули қарорҳо ва саҳмгузорӣ дар афзоиши фарогир ва рушди устувор яке аз афзалиятҳои баланди Иттиҳоди Аврупо мебошад. Вай ҳамчунин қайд намуд, ки Иттиҳодияи Аврупо ба масъалаи ҷорӣ намудани рақамикунонӣ ва технологияҳои муосир дар рушди ҳамкорӣ ва сиёсатҳои худ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад ва кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.
Дар қисмати аввали чорабинӣ нахустнамоиши филмҳои бадей дар асоси саргузаштҳои воқеии ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони имконияташон маҳдуд баргузор гардид. Ҳама филмҳо бо кумаки молиявии Иттиҳоди Аврупо таҳия шудаанд. Тамошобинон пас аз намоиши филмхо шахсан бо актёрони филмҳо суҳбат карда, бо саргузашти онҳо шинос шуданд.
Пас аз он иштирокчиёни чорабинӣ бо таҷрибаи бомуваффақи навозанда Акбар Каримов, ки бо вуҷуди мушкилоти нобиноии худ тавонист дар навохтани асбобҳои гуногуни мусиқӣ ба комёбиҳо ноил гардад, шинос шуданд. Мирпочоев Фурқат, директори Раёсати технологияҳои иттилоотии Кумитаи давлатии омор оид ба аҳамияти рақамикунонӣ ва қабули қарорҳо суханронӣ кард.
Дастаи ҷавонони ноҳияи Шаҳритус таҳти роҳбарии Фахриддин Сафармамадов оид ба муваффақиятҳои худ дар доираи лоиҳа, ки дар натиҷа ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон бо номи «Ояндасоз» таъсис ёфт, мубодилаи афкор намуданд. Инчунин, Сатторова Дилшода, ғолиби озмуни «Лоиҳаи стартапи бомуваффақият» аз ш. Конибодом дар назди меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ ва Рабихов Абдусалом, мудири барномаи созмони ҷамъиятии “Ҳамсол ба ҳамсол” дар бораи шабакаи ҷавонони Y-Peer дар Тоҷикистон баромад намуданд.
Сухангӯён дар баромади худ оид ба роҳҳои ба комьёбихо ноил шудан сухан ронда, ҷавононро ба амал намудан ва қабули қарорҳо ҳавасманд гардонданд.
Дар қисмати сеюми чорабинӣ, Ҷаноби Комрон Файзуллоев, намояндаи шуъба оид ба робитаҳои байналмилалии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳмонон ва иштирокчиёни ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ суханронӣ намуда, ба созмондиҳандагон ва маблағгузорони лоиҳа барои ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар ояндаи беҳтари ҷавонон, аз он ҷумла ШДМ изҳори сипос намуд.
Баъд аз он дар толори меҳмонхона бо иштироки ширкату созмонҳои маъруф, аз қабили Coca-Cola, Avesto group, Serena Hotel, Tcell, ТҶ “Илмхона” ва “Ҳамсол ба Ҳамсол” ( Y-PEER), Upgrade, Бонки Алиф, Аввалин Бонки Молиявии Хурди Тоҷикистон ва ТАҚХ “FINCA Tajikistan” ва дигарон ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор гардид.
Дар маҷмӯъ, 12 корфармо аз Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон пешниҳоди кор кардаанд. Ҳамаи довталабон тавонистанд, ки бо намояндагони ширкатҳо муошират кунанд, дар бораи ташкили кор ва шароити кор ҳама чизро омӯзанд. Ярмаркаи ҷойҳои корӣ ба иштирокчиён имкон дод, ки касб ва ояндаи мустақилро интихоб кунанд.