Ширкати Tcell барои муаррифии хатти нави таърифаҳои «Салом Суғд» конфронс баргузор карда, нақшаҳои густариши шабака ва инчунин бо интернети баландсуръат таъмин кардани сокинони минтақаҳои дурдастро мубодила кард.

Тавсеаи бозори мухобирот дар вилояти Суғд аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи болотаре меравад. Дар вилоят ба таври таҷрибавӣ татбиқи технологияҳои нав ва лоиҳаҳои инноватсионӣ идома дорад. Оператор тамоми тамоюлҳо ва равандҳои асосӣ – афзоиши сегменти Интернет ҳамчун омили рушди бозор, рушди фаъоли интернети мобилӣ, ҷорӣ намудани роҳҳалҳои нави технологӣ барои дастрасии интиқоли маълумот ба аҳолиро пайгирӣ мекунад.

Оператор барномаҳоеро бари тавсеаи шабака ба иштирок гузоштааст. Тибқи лоиҳаи фаннӣ барои соли 2023 дар вилояти Суғд дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Деваштич, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Исфара, Конибодом, Айнӣ, Масчоҳ ва шаҳри Хуҷанд навсозии шабака ба нақша гирифта шудааст.

«Имрӯз мо бо хушнудӣ роҳандозии хати нави таърифавии «Салом Суғд»-ро барои муштариёни вилояти Суғд эълон мекунем. Мо чунин тамоюлҳоро пайгирӣ мекунем, ниёзҳои муштариёни худро меомӯзем ва кӯшиш мекунем, ки маҳсулот ва хидматҳои навро мувофиқи интизориҳои онҳо таҳия кунем. Дар хатти нави таърифавӣ мо дастрасии номаҳдуд ба захираҳои маъмултарини интернетиро дар шабакаҳои YouTube, TikTok, Instagram, Telegram, WhatsApp, Viber, ки сокинони кишвар ҳамарӯза бидуни маҳдудияти суръат аз онҳо истифода мебаранд, фароҳам овардаем. Мо бовар дорем, ки ин навоварӣ на танҳо ҷолиб, балки барои ҳамаи муштариёни Tcell муфид хоҳад буд, – гуфт Ойбек Турақулов, мудири бахши бозорёбии ширкати Tcell.

Афзалияти асосӣ дар кори Tcell пешниҳоди хидматрасониҳои муосири диҷитолӣ мебошад, аз ин рӯ, дар соли 2023 ширкат дар назди худ ҳадафи беҳбуди кайфияти  интернет ва дар дастрас қарор додани интернети мобилиро дар тамоми минтақаҳои дурдаст, ки қаблан ба LTE дастрасӣ надоштанд, бар уҳда гирифт. Ширкат саъй мекунад, ки муштариёни худро бо сифати баланд ва эътимоднокии муошират, инчунин беҳтарин хидматрасонӣ шод гардонад.

Tcell нуқтаи дастрасии шумо ба ҷаҳони диҷитол аст!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь