Ширкати Tcell дар чорабинии «Рӯзи дарҳои боз» дар Донишгоҳи давлатии бизнес, ҳуқуқ ва сиёсати Тоҷикистон ширкат кард. Tcell довталабонеро, ки аснои супоридани тестҳои санҷишии пешакӣ натиҷаи беҳтар нишон доданд, табрик намуда, ҳамчунин ҳадяашро барои донишҷӯёни донишгоҳ эълон дошт. Аз моҳи марти соли 2019 барои ҳамаи донишҷӯён дастрасӣ ба портали дохилии таълимӣ комилан ройгон хоҳад буд!
Дастгирии бахши маориф (омӯзиш ва парвариш) – яке аз ҳадафҳои стратегии ширкати Тcell маҳсуб мегардад. Tcell маъракаҳои марбут ба омӯзишро зиёд баргузор намуда, ҳамчунин чорабинӣ ва тарҳҳои маорифу парваришро дастгирӣ менамояд. Маросими имрӯза дар ДДҲБСТ низ аз ҳамин раванд аст. Tcell кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки саводу донишҳои Интернетиро миёни насли наврасу ҷавонон баланд бардорад, тарзи дурусти истифода аз ин шабакаи ҷаҳонӣ, имкониятҳои рушду худшиносиро бо воситаи зарфиятҳои ҷадиди технологӣ боло бардорад.
Портал (сайт)-и Донишгоҳи давлатии бизнес, ҳуқуқ ва сиёсати Тоҷикистон дорои манбаи дохилӣ аст, ки ҳар як донишҷӯ тавассути логин имкони ворид шуданро дорад. Дар сомона (портал) донишҷӯён ба иттилои муҳим аз ҳаёти донишгоҳ: мақолаву интишороти илмӣ, ҷадвали машғулиятҳо, рейтинги донишҷӯён, рӯзномаи пешрафт ва навгониҳои ин мактаби олӣ шинос мешаванд. Ҳамчунин, дар ин ҷо бо тестҳо барои омодагӣ ба имтиҳону санҷишҳо ошноӣ пайдо кардан ва истифода аз почтаи электронии шахсӣ мумкин аст.
Моҳи марти соли равон Tcell барои донишҷӯёне, ки муштарии ширкат мебошанд, дастрасии ройгонро ба ин портали таълимӣ-омӯзишӣ ба роҳ мемонад. Ҳамин тавр, манобеъи таълимӣ-омӯзишӣ боз ҳам дастрастар гардида, имконоти донишомӯзии донишҷӯён беҳтар хоҳад шуд.
Tcell дар бораи дастрасии ройгони портали мазкур барои донишҷӯёни донишгоҳ дар “Рӯзи дарҳои боз”, ки ҳамасола аз ҷониби ДДҲБСТ баргузор мегардад, эълон дошт. Имсол, дар ин рӯз беш аз 800 довталаб- хатмкунандагони макотиби миёна аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истиқлол, Исфара, Бӯстон, Б.Ғафуров, Спитамен, Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, ки оянда дар ин ҷо таҳсилро идома доданианд, дидан карданд.
Довталабон бо дастовардҳои донишҷӯён аз факултаҳои гуногуни донишгоҳ шинос гардида, ҳамчунин бо ректори донишгоҳ ва намояндагони Вазорати маориф ва илми ҶТ, раёсати маорифи вилоят мулоқот карданд. Зимнан, довталабон дар озмуни вижа, ки барои санҷиши дониши онҳо таҳия шуда буд, иштирок карда, ба суолҳои омодакардаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон посух доданд. Беҳтарин довталабон- онҳое, ки вақти тестсупорӣ натиҷаи хуб нишон доданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ва ширкати Tcel бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь