Дар Қазоқистон дар ҷараёни тазоҳурот беш аз 200 нафар боздошт шуданд. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев истеъфои ҳукумати кишварро пазируфт.

Тоқаев фармони дахлдорро рӯзи чоршанбе имзо кард, ин санад дар вебгоҳи роҳбари давлат нашр шудааст.

«Мутобиқи моддаи 70 Конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистон қарор мекунам: истеъфои Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистонро қабул кунам», – гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки вазифаи сарвазир Алихон Смаилов (муовини аввали сарвазир дар ҳукумати истеъфоёфта ) муваққатан ба зиммаи нахуствазир гузошта шуд.

Тибқи фармон, аъзои ҳукумат то замони тасдиқи ҳайати нави девони вазирон иҷрои вазифаҳои худро идома медиҳанд.

Фармони мазкур аз рӯзи имзо шуданаш эътибор пайдо мекунад.

Ҳукумати истеъфододаро Аскар Мамин раҳбарӣ мекард, ки моҳи феврали соли 2019 нахуствазир таъйин шуда буд.

Қабл аз истеъфои ҳукумати Қазоқистон эътирозҳои густарда сурат гирифт. Тазоҳуроте, ки рӯзи якшанбе дар Жанаозен (шаҳри вилояти Манғистау дар ғарби Қазоқистон) алайҳи болоравии қимати гази моеъ оғоз шуд, дар саросари кишвар ба эътирозҳо печид. Дар як қатор шаҳрҳои Қазоқистон мардум ба ҳимоят аз эътирозгарони Жанаозен ба кӯчаҳо рехтанд. Ба ғайр аз талабхои паст кардани нархи газ, одамон дар бораи баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии халқ, истеъфои ҳукумат ва ғайра талабҳо ба миён гузоштанд. Дар бузургтарин шаҳри ин кишвар – Алмаато ошӯбҳо оғоз шуданд.

Президент Қосим-Жомарт Тоқаев шаби чоршанбе то 19 январ дар Алмаато ва вилояти Манғистау вазъи изтирорӣ эълон кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь