Дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Open Andijan” аз 30 кишвари дунё меҳмонон ҳузур доштанд. Ин форум бо ибтикори Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон, дастгоҳи ҳукумати вилояти Андиҷон ва сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҳиндустон роҳандозӣ шуд.
Тавре ки раиси ҳукумати вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмонов гуфт, дар се соли охир ин вилоят аз тарафи сармоягузорони зиёди хориҷӣ ба ҳайси яке аз минтақаҳои шароиташ хеле муносибу мусоид шинохта шуд.
– Хусусан, як гурӯҳ сармоягузорони ҳиндӣ ба вилояти мо ҳусни таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кардаанд. Вилояти мо бо иёлати Гуҷарати Ҳиндустон ҳамкориҳори доманфарохеро ба роҳ мондааст. Дар ин замина бар асоси лоиҳаҳои муштарак якчанд сохтмони бузург таҳти иҷро қарор гирифтаанд, ки маблағи умумии он беш аз 280 миллион доллари амрикоист, – изҳор кард Шуҳрат Абдураҳмонов.
Ба гуфтаи раиси ҳукумати вилояти Андиҷон бо ин маблағ 17 лоиҳа мавриди корбаст қарор хоҳанд гирифт ва барои мардуми вилояти ӯ дастикам якуним ҳазор ҷои кор фароҳам оварда хоҳад шуд. Таъкид гардид, ки яке аз ин лоиҳаҳо бо ширкати Ҳиндустон “Cadila Pharmaceuticals Limited” амалӣ мешавад ва дар се соли оянда дар ивази 50 миллион доллар корхонаи бузурги дорусозии “Андиҷон Фарм” арзи вуҷуд хоҳад кард.
Маълум шуд, ки дар шаҳри Хонобод танҳо дар дуюним моҳи соли равон ҳазор адад бӯстонсарои якманзилаи сеутоқа ва муҷаҳҳаз сохта шудаанд.
Дар форуми мазкур ҳамчунин перомуни имкониятҳои сайёҳии вилояти Андиҷон низ таваққуф сурат гирифт. Аз ҷумла, 1 ҳазору 284 гектар замин ба сармоягузорони хориҷӣ ҷудо карда шудааст. Онҳо дар минтақаи хушбоду ҳавои шаҳри Хонобод хонаҳои якманзила ва думанзила месозанд ва ин хонаҳоро сайёҳони дохиливу хориҷӣ метавонанд истифода баранд. Гуфта мешавад, сармоягузорони Озарбойҷон бо ворид кардани 32 миллион доллари амрикоӣ ба сохтани чунин хонаҳои наву хушсохт шурӯъ хоҳанд кард.
– Пешрафтҳои соҳаҳои гуногуни ин ҳамсоякишвар моро хеле хушҳол месозад. Дар форум иштироки 500 нафар меҳмонон баёнгари он аст, ки барои баргузории он ҷиддан омодагӣ гирифтаанд. Иштироки соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии мо дар форуми мазкур доираи ҳамкориҳои онҳоро тавсеа хоҳад бахшид, – гуфт ба мухбири “Фараж” сафири томулихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд ҷаноби Содиқ Имомӣ.
– Дарвоқеъ, Форуми байналмилалии сармоягузории “Open Andijan” барои ба роҳ мондани як қатор ҳамкориҳо заминаи мусоид фароҳам овард. Бо иддае аз сармоягузорони кишварҳои дуру наздик ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ мулоқот ва гуфтушунид кардем. Ба онҳо фаҳмонидем, ки шаҳри Панҷакенти қадимӣ барои қабули сайёҳони хориҷӣ хеле мувофиқ аст. Баъди роҳандозии гуфтушунид бо ду ширкати сайёҳӣ меморандум имзо кардем. Қарор аст, ки намояндагони ин ду ширкат ба шаҳри Панҷакент меоянд ва баъди шиносоӣ бо салоҳиятҳои сайёҳии он роҷеъ ба роҳандозии ҳамкориҳо тасмими ниҳоӣ хоҳем гирифт,-мегӯяд директори ширкати сайёҳии “Марко Поло”-и шаҳри Панҷакент Шамсиддин Шамсов.
Форуми байналмилалии сармоягузории “Open Andijan” ду рӯз давом кард.
Мирасрор Аҳроров,
мухбири “Фараж”, Андиҷон, Ӯзбекистон