Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар мегӯянд, борҳо таъкид шуддаст, ки ташхиси пеш аз издивоҷ дар Тоҷикистон ройгон аст ва аз шаҳрвандон ягон маблағ талаб карда намешавад, ба шарте он дар ҷойҳои муайяншуда сурат бигирад.
Сардори Раёсати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи вазорати тандурустӣ Шералӣ Раҳматуллоев дар суҳбат бо farazh.tj гуфт тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон ташхиси қабл аз издивоҷи хонадоршавандаҳо комилан бепул аст, агар он танҳо дар муассисаҳои ёрии аввалияи тиббии маҳалли зист гузаронида шавад.
– Ҳукумати мамлакат ва Вазорати тандурустӣ тартиби гузаштани муоинаи тиббиро муайян кардаанд. Он чанд маротиба тариқи телевизиону матбуот ба мардум фаҳмонида шудааст ва дар сомонаи вазорат ҳам ҳаст. Бори дигар аз хонадоршавандаҳо хоҳиш мекунам, ки бо тартиби гузаштани муоинаи тиббӣ шинос шаванд. Онҳо бояд ба муассисаи тиббии макони зист бо ариза расман муроҷиат кунанд. Дар асоси аризаи шаҳрвандон онҳо ба қайд гирифта мешаванд ва ройгон аз ташхис мегузаранд. Муттаасифона, шаҳрвандон аз нофаҳмӣ барои муоинаву ташхис ба дигар муассисаҳои тиббӣ мераванд. Бори дигар таъкид мекунам, ки ташхиси пеш аз издивоҷ танҳо дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббии маҳали зист бо пешниҳоди ариза ройгон гузаронида мешавад. Агар дар он ҷо маблағ талаб карданд, муроҷиат кунед, чора мебинем, – гуфт Раҳматуллоев.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳолдонҳо, то ҳол миёни ҳукуматҳои маҳаллӣ ва Вазорати тандурустӣ баҳси ҳалношудае дар масъалаи хароҷоти чунин ташхис боқӣ мондааст. Ҳукуматҳои маҳаллӣ мегӯянд, ки ин мушкили вазорат аст ва бояд аз ҷониби ин ниҳод маблағгузорӣ шавад, вале тарафи муқобил ин проблемаро ба сари ҳокимияти маҳалҳо ҳавола кардааст.