Шоми 1-уми май, дар натиҷаи таркиши газ, дар нуқтаи сӯзишворӣ сӯхтор ба амал омад, ки хисороти зиёдро ба бор овард. Сӯхтор тахминан соати 18:30 дар нуқтаи сӯзишвории собиқ “Умед-88”, дар маҳаллаи Испечак-2, ноҳияи Сино ба вуқуъ пайваст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, таркиш ҳангоми холӣ кардани гази моеъ аз мошини ҳомили газ рух додааст. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ ба “Фараж” гуфт, хушбахтона, сӯхтор талафоти ҷонӣ дар пай надошт.

– Феълан кормандони КҲФ дар ҷои ҳодиса фаъолият доранд ва сабабҳои сӯхторро муайян карда истодаанд. -иброз дошт У. Юсуфӣ

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь