Бо доир кардани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 43-сола ва марди 47-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии металлҳои қимматбаҳо дастгир карда шуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо метали тилло ва тангаҳои атиқа пайдо шудаанд. Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №8/13 аз 8-уми январи соли 2018 металҳои мусодирашуда
Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ