Аз ҷониби Бонки рушди Олмон Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш бозсозӣ мешавад, ки барои корҳои сохтмониаш 3,5 миллион евро ба нақша гирифта шудаст.

Раҳмоналӣ Гадоев

Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш Раҳмоналӣ Гадоев ба “Фараж” гуфт, ки корҳои сохтмонӣ дар беморхона аз моҳи августи соли 2020-ум оғоз гардида, дар назар аст, ки то охири соли 2022-юм ба анҷом расад.

Ӯ афзуд, ки барои корҳои сохтмонии ин беморхона аз ҷониби Бонки рушди Олмон 3,5 миллион евро ҷудо гардида, ҳоло корҳои сохтмонӣ 40 дарсад иҷро шудаанд.

– Барои харидории таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби Бонки рушди Олмон 5 миллион еврои дигар дар назар гирифта шудааст, – илова кард ӯ.

Зикр шуд, ки дар умум бо харҷи наздик ба  9 миллион евро беморхона ҳам аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин мегардад.

Қайд гардид, ки баъди ба истифода додани беморхона шароити пурраи кор барои пизишкон муҳайё шуда, хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии беҳтар мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь