Ҷавоб ба навиштаи сомонаи faraj.tj зери унвони “Ёвон: 311 омӯзгор корро тарк кардаанд”-и Раҳмоналӣ Додархуҷаев

Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон аз ҳамкориҳои ҷойдошта бо васоити ахбори омма, хусусан, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва расонаҳои тобеи он қаноатманд буда, ҷиҳати инъикоси воқеъбинона ва муаррифии дастовардҳои соҳа ба роҳбарият ва ҳайати эҷодии ин расонаҳо изҳори сипос менамояд.

Ҳамзамон, вобаста ба матлаби нашрнамудаи Раҳмоналӣ Додархуҷаев “Ёвон: 311 омӯзгор корро тарк кардаанд” иттилоъ медиҳем, ки мақолаи мазкур дар ҷаласаи назди мудири шуъбаи маориф ва ҷаласаи Шӯрои шуъба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар давраи таътили тобистона муваққатан ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани омӯзгорон як раванди табиӣ буда, он бештар дар анҷоми соли таҳсил ба мушоҳида расида, дар оғози соли таҳсили нав ин мушкилот бартараф мегардад. Чунончӣ, таҳлилҳо нишон дод, омори истифоданамудаи муаллифи мақола, ки 311 нафарро ташкил медиҳад, бо назардошти анҷоми соли таҳсили 2020-2021 буда, ин мушкилот бо назардошти захираҳои кадрии соҳа дар ноҳия дар оғози соли таҳсили 2021-2022 бартараф шудааст.

Дар соли таҳсили нав бо роҳхати Вазорати мариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 нафар, аз ҳисоби кадрҳои омӯзгории захиравии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 11 нафар, аз ҳисоби собиқ хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгорӣ, ки дар дигар вазифаҳои масъул фаъолият мекарданд 14 нафар, баргаштан аз муҳоҷирати меҳнатии муваққатӣ, инчунин бо ҷалби донишҷӯёни ихтисосҳои омӯзгории шуъбаҳои ғоибонаю фосилавии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо мутахассисон таъмин гардида, танҳо эҳтиёҷоти кадрӣ барои 86 нафар ҷой дорад халос.

Ин тадбирҳои андешидашуда ва тадбирҳои иловагӣ, ки андешида мешавад, масъалаи норасоии омӯзгоронро дар муассисаҳои таълимии ноҳия пайваста коҳиш медиҳад. Аммо ҳамасола ба назар расидани эҳтиёҷоти кадрӣ амри табиӣ буда, дар раванди таълим бо назардошти фавт, расидан ба синни ниҳоии нафақа, рухсатии ҳомиладорӣ, рухсатии дарозмуддати нигоҳубини кӯдак, тағйири касб, муваққатан дар давраи таътили тобистона ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ва чанде дигар омилҳо ба миён меояд, ки аз ҳисоби хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти касбии кишвар дар соли нави таҳсил бартараф карда мешавад.

А. Боев,

мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь