Бо ибтикори Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робитаҳо бо кишварҳои хориҷии назди Девони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд ба гиромидошти Рӯзи забони тоҷикӣ як маҳфили густарда  ороста шуд.

Дар он намояндагони сафоратҳои Тоҷикистону Ҷумҳурии исломии Эрон, забоншиносон, устодони кафедраи забони форсии Донишгоҳи забон ва адабиёти ӯзбеки ба номи Алишери Навоӣ,  шоирону адибон ва аҳли ҳунару санъат ширкат карданд.

– Тайи сӣ сол мешавад, ки 5 октябр дар Тоҷикистон рӯзи забони тоҷикӣ таҷлил мегардад. Фаъолони Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ҳар сол ин рӯзро хеле бошукӯҳ ва шаҳомати хос таҷлил мекунанд. Ин маҳфили мо таҳти унвони “Забон ойинаи миллат аст” роҳандозӣ гардидааст ва аз шумори он чорабиниҳои фарҳангии мо маҳсуб меёбад, ки тибқи барномаи хос сурат мегирад, – гуфт раиси Марказ Ҷаъфари Муҳаммад ва меҳмононро ба он хайрамақдам гуфт.

– Боиси хурсандиву сарфарозист, ки ин ҷо бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ чунин як маҳфили хуб доир шудааст. Дарвоқеъ, як қатор ҷашну тантанаҳои мову ӯзбекон муштараканд. Хосатан, роҳандозии нишасту маҳфилҳои фарҳангӣ дар мустаҳкам шудани робитаҳо ва риштаҳои дӯстиву рафоқати байни мардуми ду кишвар хеле мусоидат хоҳанд кард, – гуфт сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд ҷаноби Содиқ Имомӣ.

Тавре вай илова кард, Ҳукумати Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки забони тоҷикиро ба шароити замон мутобиқ созад. Ба гуфтаи ҷаноби Имомӣ ҳоло дар Тоҷикистон таҳияи китоби сарфу наҳв ё грамматика низ дар мадди назар мебошад.

– Мо бояд дар ҳар соҳа аз наздик ҳамкорӣ кунем. Дар мактабҳои зиёди кишвари ҳамҷавори мо – Ӯзбекистон таҳсил ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Ман тавонистам, ки ба чанде аз ин дабиристонҳо равам ва бо ҷараёни таълиму тадрис ошно шавам. Дар муҷаҳҳаз кардани мактабҳои тоҷикӣ давлат ва ҳукумати кишваратон иқдомоти хуб зоҳир мекунад. Мо омода ҳастем, ки дар тайёр кардани кадрҳои омӯзгории мактабҳои тоҷикӣ, хусусан дар тайёр кардани омӯзгорони фанҳои дақиқ ҳаматарафа кумак расонем, – тазаккур дод Содиқ Имомӣ.

– Аз ҳузури худ дар гиромидошти рӯзи забони тоҷикӣ хеле хушҳол ҳастам. Мо суханварони зиёд доштему дорем ва ҳар кадоми онҳо бо омадани худ адабу фарҳанги моро такмил намудаанд. Осори адибони форсу тоҷик, аз ҷумлаи Мавлавӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Саноӣ ва амсоли онҳо  маҳз ба забони форсӣ таҳияву таълиф шудаанд ва ин осор ҳамчун мероси ниёконӣ боқӣ хоҳанд монд, – гуфт ройзании фарҳангии сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тошканд ҷаноби Мӯҳсини Пурмӯҳсинӣ.

– Ба тамоми мардуми Тоҷикистону тоҷикон Рӯзи ҷашни забони тоҷикии форсиро шодбош мегӯям. Ман аз ӯзбектаборони Афғонистон ҳастам, вале ба ду забон -ӯзбекӣ ва дарӣ шеър мегӯям. Ҳатто аввалин шеърҳоямро ба забони дарии тоҷикӣ гуфтаам. Забони тоҷикӣ забони шеъру ғазал аст ва дар тамоми гӯшаҳои дунё одамони зиёд онро медонанд. Агар дар шароити кунунӣ бо дарназардошти ҳамгироиҳои мардуми тоҷику ӯзбек, ки боиси сарфарозиҳо мебошад, забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба ҳам наздик шаванд, ҳамдигарро ғанӣ гардонанд, кори хайру савобе хоҳад буд, – иброз дошт профессор Абдулҳакими Ҷузҷонӣ.

Баъд дар идома вай ду ғазали тоҷикии худро барои иштирокчиёни маҳфил қироат кард ва мавриди истиқболи гарми онҳо қарор гирифт.

Дар маърӯзаҳои кормандони кафедраи забони форсии Донишгоҳи забон ва адабиёти ӯзбек ба номи Навоӣ хонумҳо Ҳулкар Турдиева ва Ойдин Тӯйчиева шеваи таъоруф дар забони форсӣ ва марҳалаҳои адабиёти форсӣ таҳти баррасӣ қарор гирифтанд.

Донандаи беҳтарини арӯзи тоҷик аз шаҳри Ангрен Абдуқайюм Ҳазанзода, корманди масъули Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робита бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ӯзбекистон Фирӯз Бек, омӯзгор Насиба Зайниддинова, рӯзноманигор Саодат Бекназарова ва чанде дигарон низ баромад карданд ва шукӯҳи ин маҳфилро боз афзун намуданд.

Дар ҷараёни маҳфили гиромидошти рӯзи забони тоҷикӣ якчанд аз осори адибони мухталиф якчанд шеъру ғазал қироат гардид. Қисмати бадеиву мусиқии ин маҳфилро овозхони мумтоз Ғоибҷон Ашӯров ва шоири зуллисонайн Аҳмад Назар бар дӯш доштанд. Суруду мусиқиҳои ҷаззоби онҳо табъи иштирокчиёни маҳфилро хеле хушнуд гардониданд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь