Конфронси байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии баён, ки аз 3-юм ба 5-уми май гузошта шуда буд, ҳоло дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ин нишаст рӯзноманигорон ва коршиносони расонаҳои дохиливу хориҷӣ ба ҳам омадаанд ва аз озодии баён, мушкилот ва пешрафти он дар Тоҷикистон ва ҷаҳон сухан мегӯянд.

Меҳмонон, масъулин ва коршиносони расонаҳо дар бораи аҳамияти ВАО дар ҷаҳони муосир суҳбат карданд.

Сезин Синаноглу, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон, фаъолияти ҳамарӯзаи рӯзноманигоронро боаҳамият ва вазнин мехонад ва ёдовар мешавад, ки соли гузашта дар саросари ҷаҳон 55 хабарнигор танҳо ба хотири анҷоми кори худ кушта шуданд.

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба ширкаткунандагони конфронс дар бораи аҳамияти кори рӯзноманигороне, ки бо фасод мубориза мебаранд ва сиёсатмадоронро ба ошкорбаёнӣ даъват мекунанд, нақл кард.

Ҳарчанд рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон нигаронӣ доранд, ба гуфтаи Муҷибахон Ҷавҳаризода, вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон,  дар кишвар ба рушди ВАО, озодии баён, қонун дар бораи ВАО ва таҳсилоти рӯзноманигорон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар Рӯзи ҷаҳонии озодии баён – 3 май, созмони Хабарнигорони бидуни марз (Reporters Without Borders) гузориши нави худро дар мавриди озодии баён дар соли 2022 дар тамом ҷаҳон нашр кардааст, ки Тоҷикистон ҷойгоҳи худро даҳ зина беҳтар карда, аз мақоми 162 – юм ба 152 расидааст.

Вале хабаргузории Азия-Плюс бо истинод ба манбаъ мегӯяд, Тоҷикистон ҳарчанд аз қатори кишварҳои мавриди нигаронии ҷиддӣ берун омад, вале ҳамоно дар қатори кишварҳои вазъашон душвор қарор дорад.

Нишасти мазкур тамоми рӯз идома карда, рӯзноманигорону коршиносон вазъи кунунии расонаҳоро баррасӣ ва таҷрибаи худро ба ҳамдигар мубодила мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь