Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар оғоз ҳамчун рамзи эҳтиром дар назди муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ гулчанбар гузошта шуд.
Дар ин рӯз озмуни онлайнии “Мавлонохонӣ”, ки бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ташкил шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун аз тарафи сардори раёсат Насриддинзода Рамазон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати тантанавӣ муовини раиси ноҳия дар соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ суханронӣ намуда, қайд дошт, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Вахшонзамин таваллуд ёфта, минбаъд дар Руму Шом таҳсили илм кард ва дар тӯли ҳаёти бобаракати хеш асарҳои оламшумул эҷод намуд, ки имрӯз ба туфайли осори пурарзиш ва гаронмояи худ машҳури дунё мебошад.
Сипас, сардори шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Юсуфхон Амирхон суханронӣ намуда, аз некукориву некгуфтории Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ёдовар гардид.
Ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии Хатлон ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо барномаи театрикунонидашуда ҳунармандон аз зиндагӣ ва осори Мавлоно барномаи рангин ва фароғатиро пешниҳод намуданд.
Дар фарҷом барномаи фарҳангии ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пешкаши ҳаводорон ва дӯстдорони ашъори безаволи Мавлоно гардид, ки аз диданаш хотири иштирокдорон болида шуд.