Ҳамасола, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи рӯзҳои ид” 16-уми октябр ҳамчун Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Бинобар ин, Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” тасмим гирифтааст, ки рӯзи 15-уми октябри соли 2022 соати 18:00 бахшида ба ин рӯзи фархунда бо иштироки собиқадорони соҳа, мутахассисон, киношиносону зиёиён,намояндагони васоити ахбори омма ва ходимони давлатию сиёсӣ дар кинотеатр “ Ватан”  чорабинии фарҳангӣ баргузор кунад.

Мавриди зикр аст, ки дар хотимаи чорабинӣ нахустнамоиши филми ҳунарии кӯтоҳи “ Додараки фариштаҳо” манзури ҳаводорони синамо мегардад.

“Додараки фариштаҳо” филми бадеии кӯтоҳи истеҳсоли Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм “ буда, аз рӯи асари нависанда Сайф Раҳимзоди Афардӣ бо коргардонии Умед Мирзоширинов рӯи навор омадааст.Филм дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Қазон ва Синамоҷашнвораи байналмилалии “Адабиёт ва кино”-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сазовори ҷоизаи “Беҳтарин филми кӯтоҳ” гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь