Бахшида ба 80-солагии профессор Абдусаттор Нуралиев конфренсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои илм ва таҳсилоти журналистӣ дар шароити ташаккули рӯзноманигории чандрасонаӣ” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Қутбиддинов Абдулмумин, декани факултети журналистикаи ДМТ, дар оғоз аз саҳми барҷастаи профессори марҳум Абдусаттор Нуралиев сухан ронда, иброз дошт, он кас аз шумули таъсисдиҳандаи шуъба ва факултети рӯзноманигорӣ маҳсуб меёбанд.

Профессор Мурод Муродӣ солҳои декании марҳум А.Нуралиевро давраи ташаккул ва аз худ даракдиҳӣ дар ин замина номид. Ӯ гуфт, дар он солҳо, ки авзои кишвар ноором буд, кадрҳои бе ин ҳам камшумори таҳсилоти олии журналистӣ парокандаву ноумед гардида, аксар тарки Тоҷикистону Душанбе карда буданд ва бар замми ин, маоши кофӣ набуд, ҳатто барои сари вақт гирифтани он кафолат дода намешуд. Декан дар ин давра адибону публитсистон ва муҳаққиқони маъруф, аз қабули Сотим Улуғзода, Расул Ҳодизода, Ҳамроқул Шодиқулов, Мирзо Юсупов ва Турсунпӯлоди Аминҷонро ба ҳамкорӣ ҷалб карданд.

– Абдусаттор Нуралиев новобаста ба вазъи ноором, мушкилоти маошу омӯзгор тӯли декании худ факултети навтаъсисро ба по хезонида, ҷанбаҳои кадрӣ, таълимӣ ва тарбиявии онро вусъат бахшиданд, – гуфт ӯ.

Дотсент Сангин Гулов аз шогирдӣ ва ҳамкориҳояш бо Абдусаттор Нуралиев ҳарф зада, гуфт, устод на танҳо таъсисдиҳандаи факултети журналистикаи ДМТ, ҳамзамон аз ташаббускорон ва таъсисдиҳандагони шуъбаҳои журналистии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ҳастанд.

Дилором Маҳкамова, устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, доир ба вазъ ва дурнамои таҳсилоти журналистӣ дар вилояти Хатлон ҳарф зад. Ӯ иброз намуд, ки имрӯз дар ВАО-и минтақавӣ нарасидани кадрҳои баландихтисос ба назар мерасанд. Кадрҳое, ки дар донишгоҳҳои олии пойтахт таҳсил мекунанд, пас аз хатм дар ҳамин ҷо мемонанд. Шуъбаву бахшҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои манотиқ имрӯз муваззафанд, ки барои ВАО-и маҳаллӣ мутахассис омода намоянд.

Инчунин, профессорон Шариф Муллоев, Ҷовид Муқим, Расул Шарипов ва раиси ИЖТ Зинатулло Исмоилзода аз хотироташон сухан ронданд.

Абдусаттор Нуралиев мутаваллиди 22-юми августи соли 1941 дар ноҳияи Фориши вилояти Самарқанд буда, даврони тифливу ҷавониро дар Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронидааст. Мавсуф пас аз хатми факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Қазоқистон, ба Шӯъбаи журналистикаи факултети филологии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кор даъват шуда, фаъолияти омӯзгорӣ ва илмиву эҷодиро шурӯъ намудааст. Аз соли 1993 то 1996 декани факултети журналистика, солҳои 1996-2001 мудири кафедраи журналистика ва адабиёти хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз сентябри соли 2002 мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва минбаъд профессори кафедраи номбурда ифои вазифа мекард. Абдусаттор Нуралиев 20-уми марти соли пешин дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Меҳрофарин Наҷибӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь