7-уми январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде аз раисони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро иваз карданд.

Ҳамин тавр, Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон , Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон , Мардзода Одинашо Миршаб бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ҷобирзода Додарҷон Пулод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Нуробод озод карда шуданд.

Ҳамзамон бо фармонҳои дигари Президенти кишвар Мирзозода Иброҳим Холмурод иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон, Иброҳимиён Акмал Комилзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, Давлатзода Наҷмиддин Сайфиддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод таъйин карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь