2-юми май бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва як қатор сохторҳои дигар тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Муҳиддин фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Саломатшо Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, Холмуҳамадзода Сорбон директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муродализода Далер муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурраҳмонзода Иноятулло муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ, Раҳмон Исломиддин директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Раҷабзода Ҳайдаралӣ сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Каримзода Насимҷон муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Норзода Шариф муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Ашурализода Абдураҳмон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Олимзода Зоҳир муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радио, Қурбонзода Усмоналӣ муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Сатторзода Бобоҷон ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъйин шуданд.
Ба ҳамин тартиб ҳамчунин роҳбарони “Маркази миллии тарҷума”-и назди Кумитаи забон ва истилоҳот ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии “Ишкошим” ва “Данғара” иваз карда шуданд.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Абдуллозода Исматулло ва муовинони ӯ дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд.