Таҳримҳои Аврупо алайҳи Русия барои кишварҳои Осиёи Марказӣ як фазои мусоиди ҳамкорӣ ва имкониятҳои навро фароҳам овардааст. Имрӯз тавассути ҳамкорӣ бо Русия кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд, ки иқтисодиёти худро рушд диҳанд. Русия як бозори бузург аст ва Тоҷикистон бояд бо ин кишвар ҳамкории зич ва мутақобила дошта бошад.

Тоҷикистон дар пасманзари таҳримҳо ҳаҷми содироташро ба Русия афзоиш медиҳад. Ҳамин тариқ, дар шаш моҳи соли гузашта содироти меваи хушк аз Тоҷикистон ба Русия 37 фоиз афзоиш ёфт. Пас аз коҳиш ёфтани интиқоли меваю сабзавоти Гурҷистон ба бозори Русия (моҳи апрели соли 2022) кишоварзон ва деҳқонони тоҷик ба кӯмак шитофтанд.

Афзоиши содирот

Роҳбари намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков мегӯяд, Русия нақша дорад, ки дар соли 2023 воридоти сабзавоту меваҳои Тоҷикистонро афзоиш диҳад.

Ба гуфти ӯ, русҳо меваву сабзавоти Тоҷикистонро хеле дӯст медоранд. Ӯ ҳамчунин, мегӯяд: «Маҳсулоти комплекси агросаноатӣ асоси даромади содиротии асъори Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтори муомилоти молӣ (савдо) бо Русияро ташкил медиҳад».

Тоҷикистон соли 2022 аз ҳисоби содироти маводи хӯрока ва ашёи хом барои саноати кишоварзӣ 14 миллион доллар даромад ба даст овард, ки ин беш аз 21 дарсади ҳаҷми умумии содироти кишварро ташкил дод.

Бояд гуфт, минтақаҳои Русия дар интиқоли пайвастаи  меваю сабзавот аз Тоҷикистон манфиатдор ҳастанд. Ҳамчунин, харидорони рус бештар аз ҳама зардолуи тару тоза ва хушк, ангур, олӯ, гелос, малина, инчунин, омехтаҳои гуногуни меваи хушки Тоҷикистонро мехаранд.

«Меваю сабзавоти Тоҷикистон кайҳо боз дар бозорҳои Русия ҷой гирифтаанд. Талабот ба онҳо зиёд аст, аз лиҳози таъми онҳо аз маҳсулоти шабеҳи бисёре аз кишварҳои дигар бартарӣ доранд”, – иброз дошт Евгений Коренков дар суҳбат бо мо.

Ӯ таъкид намуд, ки дар соли 2023 барои Тоҷикистон дар интиқоли меваю сабзавот тавассути Роҳи оҳани Русия 50 фоиз тахфиф ҷорӣ карда мешавад.

Роҳбарияти бахши савдои вилояти Суғд низ афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русияро махсусан қайд мекунанд. Муовини сардори Раёсати савдо ва саноати вилояти Суғд Ғайрат Қобилзода иброз намуд, ки то моҳи июни соли 2022 содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия аллакай беш аз 50 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин, Ғайрат Қобилзода мегӯяд, ҳоло соҳибкорони Русия бештар ба хариди маҳсулот аз деҳқонони суғдӣ таваҷҷуҳ доранд. Қобилзода ин равандро нишонаи хуб барои рушди иқтисодии соҳаи кишоварзӣ донист: «Имрӯз худи соҳибкорони рус барои хариди маҳсулот аз кишоварзон ба вилояти Суғд, аз ҷумла ба ноҳияҳои Ашту Исфара, Конибодом ва Истаравшан меоянд».

Соли 2021 дар бозори Русия ба ҷуз аз меваю сабзавот нӯшокиҳо ва ҳамчунин, оби тозаи ширкати “Сиёма”-и Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шуданд. Дар соли 2022 ҳаҷми содироти ин ширкат ба бозори Русия 25 фоиз афзоиш ёфтааст.

“Мо бо дистрибюторҳо дар шаҳрҳои бузурги Русия: Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Ростов, Калуга, Новосибирск, Екатеринбург шартномаҳои шарикӣ дорем”, – мегӯяд сардори шӯъбаи маркетинги “Сиёма” Алишер Шаҳидӣ. Ба назари ӯ оби пирях гарави саломатӣ аст, ки сифати баланди он аз ҷониби мутахассисони ватанӣ ва хориҷии соҳа эътироф шудааст.

Гузариш ба рубл

То кунун 70 дарсади  шартномаҳои тоҷирони Тоҷикистон бо Русия тавассути асъори “рубл” сурат мегирад. Моҳи майи соли 2022 кишварҳои ИДМ санадеро ба имзо расониданд, ки дар он истифодаи пули миллӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила пешбинӣ шудааст.

Иқтисоддонон бар ин назаранд, ки барои Тоҷикистон гузаштан аз доллари амрикоӣ ба рубл дар ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо Русия безарар аст.  Зеро интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ, ки асосан дар Федератсияи Русия кор мекунанд, аз ҳаҷми воридоти маҳсулоти Русия ба маротиб бештар мебошад.

Ширкатҳои Тоҷикистон аз Русия маҳсулоти нафтиро бо рубли русӣ (88,2%) ворид мекунанд. Ширкати «Газпром» таъминкунандаи асосии маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳиссаи он (дар соли 2021) тақрибан 41,62 фоизи тамоми бозори сӯзишворӣ ва гази моеъи Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Тавре Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод, вазоратҳои молия ва бонкҳои марказии Тоҷикистону Русия нақшаи гузаронидани ҳисоббаробаркуниҳо дар савдои мутақобила ба асъори миллиро тарҳрезӣ карда истодаанд.

Ба гуфти ӯ, заминаи қонунӣ-шартномавӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод ба Тоҷикистону Русия имкон медиҳад, ки сарфи назар аз ҳама гуна маҳдудиятҳо таҷрибаи афзоиши ҳаҷми муомилоти молии дуҷониба ва тавсеаи номгӯи молҳо афзоиш ёбанд: «Зиёда аз ин, роҳбарони мо дар назди худ барои солҳои наздик вазифаи стратегӣ гузоштаанд, ки он таъмини рушди сифат дар муносибатҳои тиҷоратию иктисодӣ мебошад».

Гузариш аз доллар ба рубл дар ҳисоббаробаркуниҳои тиҷоратӣ бо Русия яке аз бандҳои нақшаи зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон аст, ки бо қарори ҳукумати  ин кишвар моҳи марти соли 2022 ба тасвиб расидааст.

Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод дорад, ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила миёни кишварҳои узви СҲШ, ки Тоҷикистону Русия низ ба он шомиланд, бо пули миллӣ анҷом дода шаванд.

Шарики асосӣ

Дар ин ду даҳсолаи охир Русия ҳамчун шарики муҳим ва асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, қариб сеяки воридот ва тақрибан 22 фоизи савдои хориҷии ҷумҳуриро таъмин мекунад.

Сармояи Русия аз рӯи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузории ҶТ, 15 фоиз (1,7 миллиард доллар) аз ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистонро фаро мегирад. Тавре Евгений Коренков иттилоъ медиҳад: «Дар 11 моҳи соли 2022 гардиши молии Русияву Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 тақрибан 35 фоиз афзоиш ёфта, аз 1,5 миллиард доллар гузаштааст».

Ин дар таърихи равобити тиҷоратию иктисодии кишварҳо ҳаҷми рекордӣ ба  ҳисоб меравад.

«Ман фикр мекунам, ки ҳатто одамони шаккок низ танҳо баҳои мусбат медиҳанд. Тааҷҷубовар аст, ки тағйиротҳои геополитикӣ ва таконҳои молиявии соли 2022 боиси таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои мо гардид», мегӯяд Евгений Коренков.

Ҳамин тариқ, чолишҳои геополитикӣ ва иқтисодии соли 2022 ба таври назаррас ҳамкориҳои тиҷоратии Русия ва Тоҷикистонро  таҳким бахшиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь