Зиёда аз ду аср, дар давоми таҷовузи арманиҳо алайҳи Озарбойҷон на танҳо мардум азият кашид, балки ёдгориҳои таърихиву мазҳабӣ, маъбадҳои муқаддас ва марказҳои маданият қурбони ваҳшоният шудаанд. Ёдгориҳои таърихию мазҳабӣ маконҳои муқаддасе мебошанд, ки моҳияти миллӣ, арзишҳои ахлоқию маърифатӣ ва анъанаҳои халқи озарбойҷонро таҷассум намуда, хотираи маънавиро ҳифз мекунанд. Аз ин рӯ, хароб кардани намунаҳои моддию фарҳангӣ, аз ҷумла ёдгориҳои таърихию мазҳабӣ дар сарзаминҳои ғасбшуда (ҳоло озодшуда) яке аз ҷузъҳои таркибии сиёсати ишғолии Арманистон буд.
Дар натиҷаи таҷовузи низомии Арманистон алайҳи Озарбойҷон дар солҳои 1991-1994 минтақаи Қарабоғи Кӯҳистони Озарбойҷон ва 7 вилояти ҳамшафат ишғол карда шуданд (Лочин, Калбоҷар, Ағдом, Физулӣ, Губодлӣ, Зангилон ва Ҷабраил). Зиёда аз 20 ҳазор озарбойҷонӣ кушта шуданд, 4866 нафар бедарак шуданд ё ба асирӣ ва гаравгон гирифта шуданд. Кариб 100 хазор нафар маҷрӯҳ гардиданд, 50 хазор нафари онҳо захмҳои гуногун гирифта, умрбод маъюб шуданд. Дар натиҷаи ин таҷовузи низомӣ 17 ҳазор километри мураббаъ замини ҳосилхез забт гардид, 900 маҳаллаи аҳолинишин хароб гардид, аз ҷумла 130939 манзили истиқоматӣ, 2389 иншооти саноатӣ ва кишоварзӣ, 1025 муассисаи таълимӣ ва 798 муассисаи тиббӣ, 1510 муассисаи фарҳангӣ, 5198 километр роҳ, 5194 километр пул, 7568 километр қубурҳои обгузар ва 76940 километр хати электрикӣ валангор гардид.
Дар осорхонаҳои ин минтақа, ки аз ҷониби истилогарони арманӣ ғорат шуд, ашёҳои гаронбаҳои марбут ба таъриху фарҳанги мардуми Озарбойҷон, осори санъат ва фарҳанг, қолинҳои машҳури ҷаҳонӣ, ёдгориҳои шахсиятҳои барҷастаи Озарбойҷон ва дигар арзишҳо ҷамъоварӣ шуда буданд. Таҷовузкорони арманӣ дар қаламравҳои ишғолшуда, ки мероси фарҳангии Озарбойҷонро ташкил медиҳанд, бо ваҳшонияти хоса иншоотҳои фарҳангиро хароб карданд. Дар хоки ишғолшуда 12 осорхона ва 6 нигористони рассомӣ, 9 қасри дорои аҳамияти таърихиро ғорат намуданд ва сӯзонданд. 40 хазор адад ганҷинаҳо ва нигораҳои осорхонаҳоро, ки дорои ахамияти нодири таърихӣ буданд, горат намуда, 44 маъбад ва 18 масҷидро тахкир карданд. Дар 927 китобхонаҳои харобгардида ва сӯхташуда 4 миллиону 600 000 (чор миллиону шашсад ҳазор) нусха китоб ва намунаҳои нодири дастнавис нобуд шуданд.
Шаҳрҳои Шуша, Ағдом, Физулӣ, Ҷабраил, Зангилон ва Губодлӣ аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон комилан ғорат ва хароб карда шуданд. Вазъияти имрӯзаи шаҳрҳои Ағдом ва Физулӣ ба шаҳрҳои Хиросима ва Нагасаки баъди бомбгузории атомии соли 1945 шабоҳат дорад.
Шумораи умумии ёдгориҳои таърихӣ ва мазҳабӣ дар сарзаминҳои ишғолии Озарбойҷон 403 ададро ташкил медиҳад, ки 67-тоаш масҷид, 144-то маъбад, 192-то ибодатгоҳ ва теъдоди қабристонҳо беш аз 900 адад мебошанд.
Тавре маълум аст, дар натиҷаи сиёсати истилогаронаи Арманистон ёдгориҳои чандинасраи таърихию фарҳангии ба мардуми озарбойҷон тааллуқдошта тахриб ва аз рӯи замин маҳв карда шуданд, баъзеи онҳо сохтакорӣ ва арманикунонида шуданд. Ҳадафи аслии давлати таҷовузкор аз содир кардани ин гуна харобкорӣ, ҳам нобуд кардани гузаштаи таърихии Озарбойҷон дар сарзамине, ки ҳазорсолаҳо дар он зиндагӣ кардаанд ва ҳам хотираи маънавии онҳо буд.
Арманистон таҷовузашро алайҳи ёдгориҳои таърихию мазҳабии Озарбойҷон ба ҳар роҳе анҷом медод. Ҳамин тариқ, ёдгориҳое, ки ҳуввияти миллӣ ва анъанаҳои диниро инъикос мекарданд, комилан хароб карда мешуданд ва ё кӯшиши арманикунонии онҳо, тағйир додани мансубияти онҳо сурат мегирифт. Ёдгориҳои динии мусулмонии таҳти истилои онҳо буда, аз ҷумла дигар намунаҳои фарҳанг дар баробари тахриб инчунин мавриди таҳқир қарор мегирифтанд. Солҳои охир хабарнигорону аксбардорони кишварҳои ғарб дар бораи нигоҳ доштани чорвои калони шохдор ва дигар ҳайвонот дар масҷидҳо далелҳо паҳн намуданд ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ин аксҳо аз наздик шинос шуд. Илова бар ин, маъбадҳое, ки ба Албанияи Қафқоз тааллуқ доштанд, арманиву григорианӣ карда шуданд.
Масҷидҳои Юҳарӣ ва Ашаги Гавҳар Оғо (Шуша), ки дар қаламрави ишғолшудаи Озарбойҷон ҷойгиранд, инчунин масҷиди Соатлӣ (Шуша) ва масҷиди Ҷумъа дар Ағдом, маъбадҳои Агоғлан (вилояти Лочин), Худовенг (вилояти Калбоҷар), Ганҷасар (вилояти Агдерин) ва дигархо хароб карда шуданд ва ба григорианӣ мубаддал гардонда шуданд. Ёдгориҳои диние, ки дар қаламравҳои таърихии Озарбойҷон дар Арманистони имрӯза ҷойгиранд, ҳамчунин ба ин гуна харобиҳо дучор шуданд.
Масҷиди Эривоншоҳи Аббос, масҷиди Демирбулоғ, масҷиди Ҳоҷӣ Наврӯз Алӣ, масҷиди Сардор, оромгоҳи Бугакар, зиёратгоҳи Ағадеде ва дигар маконҳои муқаддас комилан тахриб шуда, Масҷиди кабуд ёдгории эронӣ эълон шуда, хусусиятҳои меъмории он тағйир дода шуданд.
Зараре, ки аз ҷониби Арманистони таҷовузкор ба ёдгориҳои таърихию динии Озарбойҷон расида шуд, дар давраи Ҷанги Ватанӣ (ҷанги дуюми Қаробоғ) низ идома ёфт. Қушунҳои мусаллахи Арманистон, ки дар ҷабҳаи ҳарбӣ торумор шуданд, маҳаллаҳои ахолинишин, аз чумла ёдгорихои таърихӣ, ибодатгоҳҳову осоишгоҳҳоро тирборон мекарданд. Бар асари андохтани мушак ва тӯп ба як қатор ёдгориҳои таърихию динӣ дар шаҳрҳои Ганҷа, Барда, Горанбой, Ағҷабедин, Тертер, Ағдом, Физулӣ, Бейлоғон зарари ҷиддӣ расонида шуд.
Арманистон барои ҷиноятҳои зидди башарият ва моликият, тахриби мероси фарҳангӣ дар қаламравҳои ишғолшудаи (ҳоло озодшуда) Озарбойҷон масъул аст. Хароб кардани ёдгориҳои ба мардуми Озарбойҷон тааллуқдошта аз ҷониби Арманистон, хилофи талаботи Созишномаи Гаага «Дар бораи ҳифзи мероси фарҳангӣ дар ҳолати муноқишаҳои мусаллаҳона» аз соли 1954, Созишномаи Аврупо «Оид ба ҳифзи мероси бостоншиносӣ» аз соли 1992 ва Созишномаи ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг) «Оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва табиии ҷаҳонӣ» аз соли 1972 мебошад. Ин амалҳои Арманистон, ки ба таҳриб ва тақаллуби мероси фарҳангии мардуми Озарбойҷон нигаронида шудаст, дар санадҳои байналмилалӣ ҳамчун ҷиноят алайҳӣ башарият арзебӣ шуда, таҷовуз ба фарҳанги тамоми башарият аст».