Муассисаи давлатии нашриявии “Адиб” шуруъ аз 25-уми январи соли ҷорӣ марҳилаи навбатии намоиш фурӯши китобҳои тозанашри адибони классику муосири тоҷик ва асарҳои адибони хориҷиро ташкилу ба роҳ мондааст.

22-юми феврал аз соати 8-и субҳ то соати 13 марҳилаи 8-уми намоиш-фурӯши китобҳо баргузор гашт. Ба гуфти масъулин дар умум 2 ҳазору 500 нусха китоб ба намоиш гузошта шудаанд, ки 300-тои онро “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Румӣ ва 200 адади дигарашро “Куллиёт”-и Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ ташкил медиҳад.

Ба қавли масъулини фурӯши китобҳо аз ҳисоби нашриёти “Адиб” “Куллиёт”-и Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ бо туҳфа – як адад ноутбук ва як адад телевизор мебошад. Нафаре бо номи Сино истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт як нусха аз куллиёти мазкурро харидорӣ намуда, як адад телевизорро бурд кардааст.

– Аз куллиёт 200 нусха ба фурӯш гузошта шудааст, ки тақрибан чил ададашро фурӯхтаанд ва як адад ноутбукро ҳоло ҳеҷ кас набурдааст. Нархи он 250 сомониро ташкил медиҳад, – мегӯянд масъулини фурӯш.

Онҳо мегӯянд, 7-уми март намоиш-фурӯши навбатии китобҳои тозанашри нашриётро ташкил мекунанд, ки ба муносибати рӯзи модар тахфиф ва туҳфаҳо дар назар гирифта шудааст.

Ҳарчанд намоишҳои қаблӣ сермуштарӣ буд, ин навбат сафи харидорон кам буд. Баъди соати 10 шумори харидорон қариб дида намешуд, ҳол он ки нашриёти “Адиб” баргузории тахфифи вижаро дар назар гирифтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь