Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Таҳаммулгароӣ ва плюрализм ҳамчун воситаҳои пешгирии экстремизм. Ҳамкории устувор” ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиш  мавзӯъҳои “Зарурати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои  террористиву экстремистӣ, хатари экстремизм ва терроризм дар ҳаёти ҷавонон,  зарфияти таҳамулгароӣ ва плюрализм барои пешгирии экстремизм дар ҷомеа, пешгирии экстремизм ва ҳамкории созмонҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ, саҳми омӯзгорон дар пешгирии экстремизм мавриди баҳс қарор гирифтанд.

Ин чорабинӣ бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Насли нави Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори кишвар аз ҷумла, Кумитаи  кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои  Ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари давлатӣ  бо дастгирии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон барпо шуд. Дар ҳамоиш беш аз 60 нафар намояндаи сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар, аз он ҷумла,  ҷавонони фаъол аз созмонҳои ҷамъиятӣ, марказҳои ҷавонон, мактабҳои миёнаю олии кишвар ва намояндагони созмонҳои хориҷӣ иштирок карданд.

Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ ба роҳ мондани ҳамкории муштараки  сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии кишвар барои пешгирии экстремизм, рушди фаъолнокии сиёсии ҷавонон ва пешгирии экстремизм, омӯзиши таҳаммулгароӣ ва плюрализм ҳамчун воситаҳои пешгирии экстремизм буд.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки дар солҳои охир аҳли ҷомеаи дунёро афзоиши хатари экстремизм ва ҳодисаҳои мудҳиши террористӣ ба ташвиш овардааст. Аҳли ҷомеаи дунё ҳоло экстремизмро, ки зӯроварӣ, тундравӣ, аз андоза гузаштани андешаҳо ва амалҳои тундравона аст, маҳкум мекунанд ва бо он мубориза мебаранд.

Дар ҳамоиш қайд гардид, ки ҷомеаи дунё ҳоло бархилофи экстремизм аз рӯи қоидаҳои  таҳаммулгароӣ дар фазои сулҳу салоҳ зиндагӣ карданро авлотар донистаанд.

Дар ҳамоиш зарфияти таҳаммулгароӣ ва плюрализм барои пешгирии экстремизм дар ҷомеа бузург арзёбӣ шуда, ба зарурати ташаккул ва омӯзиши  фарҳанги таҳаммулгароӣ ва плюрализм дар муассисаҳои таълимӣ таъкид шуд.

Мавзуи имкониятҳо ва зарфияти омӯзгорон дар пешгирии экстремизм низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр шуд, ки омӯзгорон метавонанд барои пешгирии экстремизм нақши бориз дошта бошанд. Дар чорабинӣ иштирокдорон барои пешгирии эстремизм баланд бардоштани ҳамкориҳо байни сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии кишварро зарур донистанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь