Имрӯз бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ тағйироти кадрӣ карда шуд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Данғара, Ректори Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Ректори Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Директори Муассисаи таълимии давлатии Мактаб интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Муовини якум ва Муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор муассисаҳои навтаъсиси илмию тадқиқотии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъйин карда шуданд.