Дар мувофиқа бо роҳбари давлат муовинони расони чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба вазифа таъйин гардиданд.
Аз ҳукумати шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Диловар Раҳмон муовини якуми раис ва Воҳидзода Ҷамшед Камол муовини раиси шаҳри Бохтар таъйин гардиданд.
Бояд гуфт, ки чанд моҳ пеш муовини аввали раиси шаҳри Бохтар Мирзозода Нурулло аз вазифа озод шудаву бо фармони Призиденти кишвар ба вазифаи раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ таъйин шуда буд.
Ҳамчунин дар мувофиқа бо Президенти кишвар Қурбонзода Қурбоналӣ ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъйин гардид.
То таъин шуданаш ба вазифаи муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қурбонзода Қурбоналӣ роҳбарии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлонро ба ӯҳда дошт.
Паймона Гадозода ва Мизроб Раҷабзода дар мувофиқа бо Президенти кишвар муовинони раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъйин шудаанд.
Дар ноҳияи Вахш низ муовини раиси ноҳия таъйин карда шуд.