Дар мувофиқа бо роҳбари давлат 10 муовини авал ва муовини раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таъйин карда шуданд.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид кадрҳои навтаъйини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро ба ҳузур пазируфт.

Гуфта шуд, ки  дар мувофиқа  бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои муовини якум, муовинони раиси шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Балҷувон, Носири Хусрав, Хуросон, Шамсиддини Шоҳин, Шаҳритус, Восеъ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун таъйин гардиданд.

Давлаталӣ Саид таъкид кард, ки кадрҳои навтаъйиншуда бояд барои ба боварии  роҳбари давлат ва мардум  сазовор будан ва иҷрои саривақтии вазифаву уҳдадориҳо, дастуру супоришҳо тамоми донишу маҳорати худро истифода кунанд.

Таъмини амнияти иттилоотӣ, пешгирии насли наврас аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ташкил намудани вохӯриҳои иттилоотӣ ва мусоидат дар баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонону наврасон аз масъалаҳое буданд, ки раиси вилояти Хатлон зикр кард.

Давлаталӣ Саид барои оғози фаъолият ба ҳамаи кадрҳои навтаъйиншуда барору комёбӣ хоста, дарки баланди масъулиятро ҷиддан таъкид кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь