Имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи бандҳои 8 ва 9-и моддаи 69-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани ризоият дар тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳи давлатӣ сурат гирифт.
Пешниҳод дар барои аз вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кардани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кардани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд кардани Абдуллозода Зебонисо Файзулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан, барои ба вазифаи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло, ба вазифаи раиси суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин кардани Абдуллозода Зебонисо Файзулло ирсол гардид.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.
Бо фармонҳои дигар Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидзода Бобоҷон Абдуқодир муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуданд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Бобоҷон Абдуқодир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ, Бег Сабур бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳиён Абдусаттор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амирзода Ориф Ҳамид бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шуданд.
Бо қаророи дигар Исфандиёри Саъдулло сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Мирзо сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Хуршед Сафар сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуданд.
Ҳамчунин, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан Маҷидзода Аҳлиддин Абдулҳай аз вазифаи сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.