Дар ҷараёни задухӯрдҳои кӯтоҳмуддат шӯришиён таҳти сарварии полковники гуруҳи таъиноти махсус Мамадӣ Думбуя қудратро дар Гвинея ишғол карданд, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

Қаблан нерӯҳо барои бастани маҳали мақари ҳукумат вориди пойтахти ин кишвар шуданд. Дар натиҷа, (эҳтимолан) президенти ҷумҳурӣ Алфа Конде аз ҷониби ошӯбгарон боздошт шудааст.

Думбуя дар муроҷиат ба шаҳрвандони гуфтаст, ки ҳукумат дар кишвар сарнагун шуд ва Конститутсия эътибори худро гум кард. Полковник тавзеҳ додааст, ки фақри аҳолӣ ва мизони аз ҳад зиёди фасод артишро ба табаддулоти давлатӣ водор кардааст. Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон қайд мекунанд, ки сабабҳои ҳодисаҳои кунунии Гвинея метавонанд сиёсати дохилии мақомот ва мушкилоти иқтисодӣ бошанд.

Раҳбари шӯришгарон дар Гвинея полковник Мамадӣ Думбуя дар паёми худ ба шаҳрвандон, ки тавассути шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ пахш мешуд, аз сарнагунии ҳокимияти олии кишвар, боздошти президент Алфа Конде, пароканда шудани ҳукумат, бекор кардани Конститутсияи амалкунанда ва баста шудани сархадҳо хабар дод.

“Гвинеягиҳо, вазъи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар он қадар душвор буд, ки артиш тасмим гирифт масъулияти ояндаи Гвинеяро ба ӯҳда гирад” – гуфтааст Думбуя.

Полковник эълом доштааст, ки ба ҳайси раҳбари Кумитаи миллии ҳамбастагӣ ва рушд (CNRD), ки ҳадафи он муттаҳид кардани мардуми Гвинея барои ҳалли мушкилоти давлатӣ аст, таъйин шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь