Аз ҷониби кормандони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурстӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо ва дар асоси мактубҳои муассисаҳои фармасевтӣ ва муассисаҳои тандурустӣ 176 номгуй 20 ҳазору 428 адад маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта, бо  вазни 495,4кг ва маблағи 123,8 ҳазор сомонӣ, тариқи сузонидан несту нобуд карда шуданд.

Сардори Сарраёсати мазкур Маҳмадҷон Абдулқодирзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки кормандони Сарраёсат дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, фармасевтӣ, нуқтаҳои фуруши маводи ороишию гигиенӣ 100 саниҷиш гузаронидаанд. Дар натиҷаи саниҷишҳо 45 парвандаи ҳукуқвайронкуниии маъмурӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ тартиб дода шудааст.

– Шахсоне, ки нисбаташон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  ба маблағи  98 ҳазору 560 сомонӣ  ҷарима шуданд, – илова кард номбурда.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь