Нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар Қарабоғи Кӯҳӣ мустақар карда мешаванд, гуфт президент Владимир Путин ҳангоми суханронӣ дар бораи қатъи амалиёти ҷангӣ дар ин минтақа.

Қаблан сарвазири Арманистон Никол Пашинян гуфта буд, ки ӯ бо раҳбарони Русия ва Озарбойҷон дар бораи хотима додан ба ҷанг дар Қарабоғ созишнома имзо кардааст.

«Имрӯз, 9-уми ноябр, президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Алиев, сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Пашинян ва президенти Федератсияи Русия изҳоротеро имзо карданд, ки оташбаси комил ва ҳама амалиёти ҷангиро дар минтақаи низои Қарабоғи Кӯҳӣ аз 10 ноябри соли 2020 эълон мекунад”, – гуфт Путин.

Нерӯҳои посдори сулҳи Русия, ба гуфтаи президент, дар хатти тамос дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва дар роҳраве мустақар хоҳанд шуд, ки ин ҷумҳурии эътирофнашударо бо Арманистон мепайвандад.

Дар ҳамин ҳол, дар назди бинои ҳукумати Арманистон алайҳи созишнома дар бораи хотима додани ҷанг дар Қарабоғ як иқдоми эътирозӣ баргузор шудааст. Эътирозгарон ба бинои ҳукумати Арманистон дар маркази Ереван ҳамла карданд. Онҳо дарҳоро шикастанд ва ба хароб кардани дохили бино шурӯъ карданд.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев барои сарнагун кардани як чархболи МИ-24-и Русия дар Арманистон аз Путин узр хостааст. Ӯ гуфтааст, ки чархбол дар вақти торикӣ ба назар чун чархболи Арманистон намудааст, аз ин рӯ аз ҷониби артиши Озарбойҷон ҳадафи ҳамла қарор гирифта, сарнагун карда шудаааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь