Генерал Фрэнк Маккензӣ фармондеҳи Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин дидори худро дар Тоҷикистон рӯзи 22 октябри соли 2020 аз шаҳри Душанбе анҷом дод.

Дар доираи ин сафар генерал Маккензӣ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти баландпояи Вазорати мудофия ва мақомоти амнияти кишвар дидору гуфтугӯ анҷом дод. Ҷонибҳо дар ҷараёни музокирот дар заминаи масоили мавриди нигаронии мутақобил, аз ҷумла мубориза бо тероризм ва амнияти марзҳо ва инчунин роҳҳои идомаи ҳамкории муштараки ИМА ва Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Афғонистонро баррасӣ карданд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон мушорикати стратегии қавӣ доранд. Генерал Маккензӣ ва ҷониби Тоҷикистон омодагии муштаракро барои идомаи ҳамкориҳои наздик байни мақомоти амниятии ИМА ва Тоҷикистон таъкид доштанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь