Президенти Русия Владимир Путин ва президенти Беларус Александр Лукашенко имрӯз, 14-уми сентябр, дар як мулоқот суҳбати як ба як хоҳанд кард, хабар медиҳад «БелТА» бо такя ба хадамоти матбуоти Лукашенко.

Музокироти сарони Русия ва Беларус дар Сочӣ (ФР) баргузор мешавад. Путин ва Лукашенко рушди ҳамкориҳои дуҷониба, муносибатҳои иттифоқии ду кишвар, масоили байналмилалӣ ва вазъи минтақа, мавзӯи вокуниши муштарак ба “чолишҳои пайдошуда” -ро баррасӣ мекунанд.

Қаблан, Путин ва Лукашенко чандин маротиба гуфтугӯи телефонӣ доштанд. Онҳо, аз ҷумла, вазъи тазоҳурот дар Беларусро, ки аз 9-уми август идома дорад, баррасӣ карданд.

Дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор гардид, ки дар он, мувофиқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот, Лукашенко пирӯз шуд ва 80,08% овозҳоро ба даст овард. Овозҳои бадастовардаи номзади мухолифин Светлана Тихановская 10.09% -ро ташкил дод.

Кишварҳои аврупоӣ натиҷаҳои интихоботро эътироф накарданд ва таҳдид карданд, ки алайҳи мақомоти баландпояи Беларус, ки масъули интихоботи президентии 9-уми август ва хушунату саркӯбҳои баъдии тазоҳургарон мебошанд, таҳримот ҷорӣ хоҳанд кард. Кишварҳои назди Балтика алакай маҳдудиятҳои шахсиро алайҳи мансабдорони воломақоми Беларус ҷорӣ кардаанд.

Русия натиҷаҳои интихоботро эътироф кард ва қарор аст, ки имрӯз президенти ду кишвар вохӯрӣ ва сӯхбат кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь