Сухангӯи президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов рӯзи душанбе зимни баргузории як нишасти хабарӣ сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро аз ҳодисаи муҳимтарини ҳафтаи гузашта унвон кард. Вай гуфт, ки ин сафар дӯстиву рафоқати ду халқ ва ҳамкориҳоии миёни ду кишварро беш аз пеш мустаҳкам ва тавсеа хоҳад бахшид.
Ба таъкиди Асадов дар ҷараёни ин сафари Мирзиёев масъалаҳое мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки қаблан дар бораи он ягон ҳарфе гуфта намешуд. Интизор меравад, ки ба ин васила гиреҳи муаммоҳои зиёд кушодаву як қатор мушкилот ҳаллу фасл мегарданд.
– Баъди анҷоми музокирот байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 35 санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҷанбаҳои гуногуни хоҷагии халқи ду кишварро фаро хоҳанд гирифт. Ин азми қавии ду ҷонибро дар тавсеа додани ҳамкориҳои доманфарох ба таври амалӣ нишон дод, – изҳор кард Шерзод Асадов.
Ба гуфтаи сухангӯи президенти Ӯзбекистон таъсиси як ширкати сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои нав ва саноати маъдан, сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон ва транзити молу мавод аз созишномаҳое маҳсуб меёбанд, ки дар ин замина ҳамкориҳои ду кишварро ба сатҳи сифатан нав бароварданд.
– Зимни сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон маросими супурдани ордени “Зарринтоҷ” баргузор гардид, ки яке аз мукофотҳои олии давлатӣ дар Тоҷикистон мебошад. Онро президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев дар фазои мутантан супурд, – тазаккур дод Шерзод Асадов.
Ба таъкиди сухангӯи президенти Ӯзбекистон ин орден хидматҳои барҷастаи Шавкат Мирзиёев дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоядории миёни ду кишварро бори дигар намоиш дод.
– Дар вилояти Суғди Тоҷикистон мулоқоти ошкорои Шавкат Мирзиёев бо фаъолони ҷамъиятӣ ва зиёиёни ин вилоят баргузор гардид ва он дар фазои гарм ва дӯстона гузашт. Муҳимтар аз ҳама, нутқи президенти моро иштирокчиёни ин мулоқот бо шавқу рағбат ва хеле бо хушҳолӣ шуниданд, – гуфт Шерзод Асадов.
Асадов дар ҷавоб ба суоли он, ки сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар дарёи трансмарзии Зарафшон аз кай оғоз хоҳанд шуд, гуфт, ки омӯзиш ва таҳлили ҷиҳатҳои техникӣ ва иқтисодии ин масъала ба дӯши вазирони барқи ду кишвари ҳамҷавор супурда шуд.
– Сарони ду давлат иҷрои ин шартномаро басо муҳим арзёбӣ карданд ва оғози онро аз ҳамон рӯзи имзои шартнома муқаррар карданд, аммо корҳои зиёде дар пешанд, ки барои амалӣ намудани ин шартнома вазоратҳои ду кишвар ба он машғул хоҳанд шуд, – иброз дошт Шерзод Асадов.
Сухангӯи президенти Ӯзбекистон роҷеъ ба имзои шартномаҳои марбут ба коммуникатсияҳои нақлиётӣ гуфт, ки ин шартнома дар меҳвари музокираҳо ва ҳалли масъалаҳои ду ҷониб қарор гирифт.
– Масъалаи асосӣ аз ҳамин иборат аст, ки ҳаракати нақлиёти автомобилӣ, парвози ҳавопаймоҳо ва кашондани мусофирон тавассути қатор дубора барқарор хоҳанд шуд, зеро ин бар асоси эҳтиёҷи мардуми ду тараф ва соҳибкорони зиёди ду кишвари ҳамҷавор аз сар гирифта хоҳад шуд, – зикр кард Шерзод Асадов.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд