Субҳи рӯзи 27-уми май раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода журналисти маъруфи тоҷик Неъматулло Мирсаидовро ба ҳузур пазируфт. Раиси вилоят Неъматулло Мирсаидовро ба муносибати 70-солагиаш табрик карда, аз саҳми ӯ дар рушди журналистикаи тоҷик ва хизматҳояш барои пешрафти ҷомеа ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки Неъматулло Мирсаидов дар солҳои барои халқу ватан тақдирсоз, аз ҷумла солҳои 1992-1993 ба ҳайси директори барномаҳои телевизиони “Тоҷикистон”, солҳои 1993-1995 ба ҳайси директори филиали тоҷикистонии ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои “МИР” фаъолият карда, дар инъикоси фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими сулҳу ваҳдат ва сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Журналисти маъруф умри бобаракати хешро сарфи кори телевизион ва матбуот карда, анъанаҳои неки мактаби рӯзноманигории устодони варзидаи соҳаро идома бахшидааст ва дар тарбияи кадрҳои ҷавон нақши бориз дорад. Заҳмати беш аз 50-солаи бурдборонаю содиқонаи Неъматулло Мирсаидов дар рушду нумуи телевизион ва матбуоти тоҷик бо медали “100-солагии матбуоти тоҷик”, Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, нишони сарисинагии Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва ифтихорномаю сипосномаҳо қадр карда шудаанд.
Неъматулло Мирсаидов дар навбати худ барои ҳусни таваҷҷуҳ ба роҳбарияти вилоят изҳори сипос карда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст. Ӯ илова намуд, ки барои инъикоси дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва муаррифии шоистаи он дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон минбаъд низ фаъолияташро идома медиҳад.