Директори Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” ҳангоми гирифтани пора ба даст афтодааст. Дар ин бора 4-уми январ маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Чӣ тавре, ки дар хабар омадааст Валаматова Азизахон ҳангоми гирифтани 5000 сомонӣ маблағ аз шаҳрванд “А” ба даст афтодааст.

“Чунончӣ, ӯ ба боварии шаҳрванд “А” даромада барои  омода кардани ҳуҷҷатҳо ва додани тавсифномаи мусбат дар суд ҷиҳати имконпазир будани ба фарзандхонӣ қабул шудани ноболиғ шаҳрванд “Б” аз охирон маблағи 15000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи мазкур 10 000 сомониашро гирифта, боқимонда маблағи 5000 сомониро талаб намуд”, – омадааст дар хабари агентӣ.

Валаматова аввал 10 ҳазор сомониро аз шаҳрванд “А” гирифта ва ҳангоми гирифтани 5 ҳазор сомонии дигар аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир шуд.

Ба навиштаи Агентӣ нисбати Валаматова Азизахон бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ парвнда ба суд ирсол карда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки Азизахон Ҳотамовна бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба вазифаи директори “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” таъйин шуда буд.

Давоми як ҳафтаи охир дар вилояти Суғд ин дуввумин ҳолати гирифтани пора аз ҷониби кормандони давлатӣ мебошад. Чунончӣ бахши матбуоти Агентӣ 27-уми декабри соли 2021 хабар дода буд, сармутахассис-котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ Гулов Шаҳбоз бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А” маблағ ба ҳаҷми 10 000 сомонӣ мегирад.

“Номбурда  бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, шаҳрванд “А” -ро бовар кунонид, ки бар ивази маблағи 10 000 сомонӣ тавассути судяи Суди ноҳияи Мастчоҳ, барои ба манфиати ӯ қабул намудани санади судӣ оид ба фарзандхонии ноболиғ шаҳрванд “Б” мусоидат карда метавонад. Ҳамин тариқ бо роҳи фиреб аз шаҳрванд “А”  маблағи 10 000 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати охирон ягон амалро иҷро накард”, – навиштааст дафтари матбуотии Агентӣ.

Нисбати Гулов Шаҳбоз Сангинович бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятии мазкур пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь