Дар давоми шаш моҳи соли равон дар вилояти Суғд фавти 30 нафар мубталои вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО-СПИД) ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 ҳолат зиёд аст.
Бино ба иттилои сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибуллоҳ Муҳиддинов дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 150 нафар бо сирояти ВНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 27 ҳолат зиёд мебошад. Асосан гирифтори мубталои ВНМО синну соли аз 30 то 49-соларо дар бар мегирад. Роҳҳои гузариш дар 94% алоқаи ҷинсӣ мебошад. Айни замон 2563 нафар дар қайди маркази мубталоёни ВНМО қарор доранд.
Ҳамсари беморамро нодуруст фаҳмида пушаймон шудам
Дилшод Салимов (ному насаб шартӣ ва нақл воқеӣ аст) ҷавонмарди 26 сола аст, ки дар синни 24-солагӣ оиладор шудааст. Ба қавли ӯ пас аз 3-4 моҳи тӯйи оиладоршавӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, беш аз як сол дар ғарибӣ мондааст.
“Ҳар гоҳ модарам занг занад, мегуфт, ки бачам нав оиладор шудӣ, инқадар дурудароз аз занат дур гаштан кори хуб нест. Ҳар гоҳ, ки қудо ба хона ояд, ҳатман аз танҳоии келин гила карда мегӯяд, ки агар чунин шудани корро медонистем, ба шумо духтар намедодем”, – мегӯяд қаҳрамони мо.
Дилшод аз ин суханони модар дар ғазаб шуда, ба ҷойи ба ватан баргаштан ба маконҳои дилхушӣ рафтанро пеша кард. Ҳафтае ду-се маротиба ба шабнишиниҳо рафта, аз хизматҳои шаҳвонӣ истифода мебурд.
“Аз сари беақлӣ ба ҷои тезтар ба ватан баргаштан ба ин гапи хушдоманам қасдона ҳафтае ду-се бор барои дилхушӣ мерафтам, ё ягон мизоҷони доимии шиносҳоямро ба иҷора меовардам. Бечора ҳамсарам занг занад, ба косаи заҳр об дода мегуфтам, ки як бори дигар модарат омада ба муносибати оилавиямон дахл кунад, ҷавобатро медиҳам”, – бо таассуф иброз дошт Дилшод.
Қаҳрамони мо баъди ду солу ҳафт моҳ ба хона баргашт. Зиндагии маъмулии онҳо идома дошт. Тахминан пас аз 2 моҳи баргаштан ҳамсараш ҳомиладор шуд. Ӯ ҳангоми ҳомиладорӣ доим аз саломатияш шикоят дошт ва аҳли оила онро нишонаҳои аввали ҳомиладорӣ ва ҳатто ба дард сабук будану эркагӣ кардани келин медонистанд.
“Бо ҳамсарам барои гузаштан аз ташхиси ҳатмӣ рафтем. Вақти тахшис маълум шуд, ки тифл дар батни занам фавтида будааст. Он замон ташхиси хуни ӯ нишон дод, ки ба кӯдаки маъсум ба вируси норасоии масунияти одам олуда шудааст. Дар аввал аз ҳамсарам бадгумонӣ кардам, ки дар набуданам ба ман хиёнат кардааст. Аммо баъди он ки ҳардуямонро тахшис карданд маълум шуд, ки сарчашмаи беморӣ ман будаам, ки баъди баргашт ҳамсари бенугоноҳамро мубталои ин вирус кардаам”, – афзуд ҳамсӯҳбати мо.
Табибон чӣ мегӯянд?
Табибон ва масъулини соҳаи тандурустӣ бар онанд, ки дар миёни олудашудагони ВНМО аз се ду нафарашон тавассути иртиботи ҷинсӣ ба ин беморӣ печидаанд.
Дар масъалаи пайдоиши ин намуди беморӣ ва сабабҳои он саволҳои зиёд ба мутахассисони соҳа пешниҳод мешавад. Саволи асосие, ки бештар ба назар мерасад. “Сабаб ва пайдоиши вируси норасоии масунияти одам дар чист?” аст. Посухи духтурони соҳа ба ин савол чунин аст:
– ВНМО (ВИЧ) ин вируси норасоии масунияти одам мебошад. Ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae), ҷинси лентивирусҳо (Lentiviru) дохил мешавад. Номи Lentivirus аз мазмуни калимаи лотинии lente-сустӣ асос ёфтааст. Барои лентивирусҳо инчунин давраи дурударози ниҳонӣ хос аст. ВНМО аз ҳама вируси омухташуда дар ҷаҳон мебошад.
Саволи дигаре, ки имрӯз шаҳрвандони оид ба бемории ВНМО маълумот надоштаро ба ташвиш овардааст: “Роҳҳои гузариш кадом аст?” мебошад. Духтурони соҳа мегӯянд, ки роҳҳои гузариши ин беморӣ, яъне сироятёбӣ, асосан бо роҳи тамос бо хун, (ҳангоми хунгазаронӣ, истифодаи сӯзандоруҳо)
Дуюм, бо роҳи алоқаи ҷинсӣ бо шахсони мубталои вирус.
Сеюм, аз модар ба кӯдак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд, ширмаконӣ).
Баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум роҳи асосии пешгирӣ аст
Баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории зич байни КАТСҲо, МТТҲС, муассисаҳои тиббӣ, кор бо гурӯҳҳои хавфи зиёддошта, хоса шахсоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, танҳо вазифаи кормандони соҳа тиб набуда, балки яке аз вазифаҳои асосии ҳар яки мо аст, зеро батарфӣ нисбат ба саломатии худу ҷомеа боиси зиёдшавии тамоми намуди бемориҳо аст. Инчунин, тақвият додани мубориза бо ВНМО бо иштироки ҷамоатҳо, сафарбаркунии иҷтимоӣ, ҷалби созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гурӯҳҳое, ки аз беморӣ азият мекашанд, самтҳои асосии пешгирӣ аз беморӣ аст.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхис ва табобати ВНМО пурра ройгон ба роҳ монда шуда, шахсоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, бо доруҳои ройгон таъмин карда мешаванд.
Шахсоне ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, дар ҷомеа баробари дигарон метавонанд ҳаёти осоишта ба роҳ монда, дар рушди шахсияти худ талош намоянд. Танҳо эшонро мебояд, ки рӯҳияи худро аз даст надода, нисбати саломатии худ бе эътибор набошанд ва сари вақт ба табобат шуруъ кунанд.
Фарзона Муродӣ