Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо пайгирӣ аз татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудани саноатикунонии босуръат аз корхонаи саноатии “САТН» дидан карданд.

Аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур вобаста ба самти фаъолият корҳо ҷараён дошта, ҳамзамон тадбирҳои васеъ намудани иқтидорҳо амалӣ карда мешаванд.

Фаъолияти корхонаи “САТН” ба истеҳсоли сарулибос аз нахи пахта равона карда шудааст. Дар сехҳои он маҳсулоти хоми ватанӣ, яъне пахта, то ба коркарди ниҳоӣ расонида мешавад. Раиси вилоят аз фаъолияти боназми корхона тавсиф намуда, ба роҳбари корхонаи “САТН” барои бо иқтидори пурра фаъолият намудан дастуру маслиҳатҳои муфид дода, ҷиҳати бакорандозии хатҳои нави истеҳсолӣ машваратҳо дод.

Алҳол дар корхонаи мазкур 600 кас дар се баст фаъолият дошта, маҷмуи маҳсулоти корхона дар 4 моҳи соли равон ба 27 миллион сомонӣ расонида шудааст. Маҳсулоти корхона пурра ба хориҷи кишвар, махсусан ба Федератсияи Руссия ва Аврупо, содирот мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба роҳбарияти корхонаи “САТН” дастур дод, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ ҷиҳати истифодабарии имконоти пурраи корхона тадбирҳо андешида шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь