Филиали ҶСК “Бонки Эсхата” дар ноҳияи Спитамен ба макони наву барҳаво, воқеъ дар суроғаи шаҳраки Нов кӯчаи Спитамен 42 кӯчид.

Ҳадаф аз қабул кардани қарори мазкур беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, дар доираи бизнес -модели нави хизматрасонӣ мебошад, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Бонки Эсхата маҳсуб меебад.

Имруз, санаи 9.01.2023 сол маросими кушодашавии бинои нави филиал баргузор гардид, ки дар он намояндагони Хукумати ноҳияи Спитамен,  роҳбарону кормандони сарбонк ва филиал, мизоҷону шарикони гиромиқадр ширкат варзиданд.

Филиал бо тамоми инфрасохтори муосир муҷаҳаз гардонида шудааст. Тарҳ ва ороиши нав ба модели инноватсионии хизматрасонӣ пурра ҷавобгӯ буда, фасади зебои бино, минтақаи худхизматрасонии 24/7 (яъне банкомати филиал 24 соат фаъолият мекунад) ва шабакаҳои рақамӣ баҳри пешниҳоди хизматрасонии муосири баландсифат минбаъд мусоидат хоҳад кард.

Айни ҳол роҳбарии филиал бар души директори он Юсуф Мирбобоев вогузошта шудааст. Дар филиал 36 нафар кормандон фаъолият мебаранд, ки 10 нафарашон бонувони ноҳия мебошанд.

Бори аввал филиал мувоффиқи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон соли 2014 таъсис дода шудааст, ки таҳти сарварии роҳбарони он Бузуругхоҷа Нозимов, Умаралӣ Умаров, Каримбой Каримбоев, Шуҳрат Қосимов ва айни ҳол Юсуф Мирбобоев пурсамарона кору фаъолият намуда, ба қуллаҳои баланди касбӣ расидааст. Аз он нишондиҳандаҳои филиал дарак медиҳанд.

Ба санаи 31.12.2022 сол сандуқи қарзии филиал зиеда аз 43,5 млн. сомонииро ташкил намуда, сандуқи пасандозӣ беш аз 12 млн. сомонӣ аст.

Маблағи воридгаштаи филиал ба тариқи Интиқоли пулӣ зиеда аз 278 млн. сомониро ташкил дод. Шумораи кортҳои бонкии амалкунандаи филиал наздик 13 ҳазор ва шумораи истифодабарандагони мушаххасгардидаи хизматрасонии мобилии Эсхата Онлайн қариб 9 ҳазор нафар мебошад. Муомилоти ғайринақдӣ тақрибан ба 4,5 млн. сомони баробар гашт. Филиал ба наздик 14 ҳазор нафар мизоҷони фаъол ҳамаруза хизматрасонии баландсифати бонкиро пешниҳод мекунад. Филиал дар тобеъияти худ 4 Марказҳои хизматрасонии бонкӣ дорад, ки дар шаҳраку ҷамоатҳои Навкат, Куркат, Истиқлол ва н.Зафаробод кору фаъолият мебаранд.

Тӯли 9 соли фаъолияташ, филиал ба дастовардҳои арзанда ноил шуд, ки яке эътироф шудани филиали Спитамен ҳамчун “Филиали беҳтарини соли 2022” мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки кормандони филиал на танҳо дар фаъолияти бонкӣ пешсаф ҳастанд, балки дар чорабиниҳои варзишӣ низ чусту чолокӣ нишон медиҳанд.

Дастаи футболбозони филиал дар Мусобиқа оид ба футболи хурд байни дастаҳои Бонки Эсхата барои дарёфти “Суперҷоми Бонк” ҷои 3-юм ва дар Мусобиқа оид ба футболи хурд байни дастаҳои филиали минтақаи вилояти Суғд ҷои 2-ро сазовор гаштааст.

Роҳабрият ва кормандони филиал дар ҳаёти иҷтимоии ноҳия фаъолона ширкат варзида, барои дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои маҳалӣ саҳмгузоранд. Мунтаззам аз ҷониби филиал ба хонаи маъбону кудакони бепарастор ва оилаҳои ниезманд кӯмаки моддӣ расонида мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь