Дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» дар силсилабозиҳои финалии Суперлигаи футзали Тоҷикистон бо ҳам вохӯрданд ва «Соро» се пирӯзӣ ба даст оварда чемпион шуд.
Мувофиқи низомномаи мусобиқа дастаҳо дар силсилабозии финалӣ то се пирӯзии як даста бозӣ мекунанд. «Соро компания» дар бозии аввал бо ҳисоби 3:2, дар бозии дуюм бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуда буд. Дар бозии сеюми финалӣ шогирдони Пайрав Воҳидов бо ҳисоби 4:1 ғалаба карда, унвони чемпиониро соҳиб шуданд.
Дастаҳои “Сипар” ва “Амонатбонк” барои ба даст овардани нишонҳои биринҷии мавсими имсолаи Суперлигаи Тоҷикистон бозӣ карданд. Бозии аввали дастаҳо дар Душанбе бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд хотима ёфт. Вохӯрии дуюм дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, бо ҳисоби 5:4 ба фоидаи “Сипар” хотима ёфт.