18-уми август ронандаи як воситаи нақлиёти боркаши тамғаи “Дулан” дар ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, чанд мошини сабукравро пахш кардааст.
Як манбаъ аз ноҳияи Хуросон иттилоъ дод, ки дар шоҳрои Душанбе-Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, ронандаи як мошини боркаши “Дулан”, ки аз самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекард, аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, чанд мошини канори роҳро пахш кардааст.
Гуфта шуд, ки дар ин садама як нафар ҷон дода, чанд нафари дигар маҷруҳ ва дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Дар бораи сабабҳои садама ва зарари он ягон маълумоти аниқ дасрас нест. Хабар дар ҳолати дастрасии маълумоти бештар такмил хоҳад шуд.
Блоки рекламавӣ