23 май дар қароргоҳи Созмони милали муттаҳид мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон Ҷонибек Ҳикмат бо муовини дабири кулли ин созмон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Женмин доир гардид. Дар ин бора ВКХ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва иштироки Лиу Женминро ба ҳайси ҳамраиси конфронси мазкур, ки пешбини мешавад, 6-9 июн дар Душанбе баргузор шавад, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин, атрофи аҳамияти баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” барои Конфронси 2023 табодули назар сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь