Бахшида ба маҳфили “Поси хотир”-и ҳунарманди зиндаёд, ситораи пурҷилои санъати театр ва синамои тоҷик Аловиддин Абдуллоев, аз ҷониби роҳбари Муассисаи давлатии Театри вилоятии мусиқи мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Отахон Саидзода  китобе бо номи “Ситорае, ки маснади самоӣ дошт” ба табъ расид.

Муаллифи китоб Отахон Саидзода, мегӯяд, дар китоб шеърҳои шоирон, ки баъд аз вафоти устод дар сӯги ӯ навишта шудаанд, гирд оварда шуданд.

Ӯ қайд кард, ки дар китоби “Ситорае, ки маснади самоӣ дошт”  шеъру навиштаҳои зиёда аз 30 адиб, шоири халқӣ, аъзои Иттифоқи нависандагон ва навқаламон  нашр шудааст.

Отахон Саидзода гуфт, ки китоби “Ситорае, ки маснади самоӣ дошт” аз 40 саҳифа иборат буда, 200 нусха нашр шудаст, ки он  бахшида ба маҳфили “Поси хотир” ба ҳарводорону мухлисони устод тақдим карда шуд.

Аловуддин Абдуллоев, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон , дорои зиёда аз 70 ҷоизаву  диплому медал ва 4 мукофоти давлатӣ, соҳиби ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон соли 2006, 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2011, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон соли 2013 мебошад. Аловуддин Абдуллоев 10 сол роҳбарии Театри вилоятии мусиқи мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтарро ба уҳда дошт аз соли 2019 то дами марг ба ҳайси сардори Раёсати фарҳанги  Вилояти Хатлон адои вазифа кардааст.

Ӯ бо барномаҳои телевизионии “Лазиз” ва “Шӯхиҳои Аловуддин” низ байни бинандагони телевизион машҳур буд. Рӯзи 17-уми феврали соли ҷорӣ аз бемории қалб аз дунё даргузашт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь