Ахиран Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии  коронавирус-COVID-19 бо пахши як хабари фаврӣ иттилоъ дод, ки дар кишвар гирифторони коронавирус ҳастанд.

Ситод ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонидааст, ки дар муассисаҳои тандурустӣ ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шуданд, аммо гуфта нашудааст, ки гирифторон чанд нафаранд ва дар куҷо ба қайд гирифта шудаанд.

Омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани моск ва риоя нагардидани дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.

Ситод аз ҳар сокини кишвар, қатъиян риоя кардани тавсияи мутахассисони соҳа, бе зарурат гаштугузор накардан, истифодаи моск ва дигар маводҳои безараргардонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро талаб кардааст.

Ситод қарорҳои дахлдор, аз ҷумла,  пурзур кардани ҳамоҳангии  фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор дар самти назорати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз ҷониби сокинон, назорати марказҳои хизматрасонию фарҳангӣ,  андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ,  риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ ҳангоми гузаронидани тӯй, маъракаҳо ва маросими дафн, ҳамчунин бо мақсади пешгирии паҳншавии  бемории сироятии коронавирус андешидани  чораҳои зарурӣ ҳангоми анҷом додани парвозҳои байналмилалиро қабул кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь